Имрӯз «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, нимаи дуюми имрӯз, 20 май дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» оғоз мегардад.
Дар ин бора директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Шавкат Норматов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» аз 20 то 25 майи соли равон баргузор мегардад ва дар доираи он бо иштироки наврасону ҷавонон доир ба илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ доиршавии Форуми наврасону ҷавонон, чорабиниҳо ва фаъолияти гуногуни оммавӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ҳафтаи мазкур дар баробари хонандагону муаллимон олимону мутахассисон, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма фаъолона иштирок менамоянд. Дар ҷамъбасти чорабиниҳо маҷмӯаи корҳои анҷомдода ва мақолаву гузоришҳо нашр карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.
Мақсад аз баргузории ҳафтаи мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур соли ҳаштум аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.








Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд






