МАҲБУБИ ДИЛҲО. Турсунзода нахустин шоири муосири тоҷик буд, ки деворҳои танги маҳаллиро шикаста, ба адабиёти ҷаҳонӣ роҳ ёфт

Май 2, 2019 11:35

ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода 108 сол пур мешавад. Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятӣ устод соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 (пас аз марг) шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст.

Бахшида ба солрӯзи ин устоди бузург нависанда Карим МӮСО   хотироташро ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем:

 Мо насли солҳои панҷоҳум бо шеърҳои устод Мирзо Турсунзода калон шудаем. Ман на танҳо шеърҳо, балки достонҳои устод, аз қабили „Писари Ватан”, ”Ҳасани аробакаш”, „Ҷони ширин” ва ғайраро пурра ҳифз карда будам.

Агар гӯям, ки дар солҳои панҷоҳ, шаст ва ҳафтоди садаи бист тоҷике набуд, ки шеърҳои устодро аз ёд надонад, иштибоҳ намешавад. Устод Турсунзода нахустин  шоири муосири тоҷик буд, ки деворҳои танги  маҳаллиро шикаста, ба адабиёти ҷаҳонӣ  роҳ ёфт.

Бояд зикр кунам, ки камина як ҳафта қабл аз вафоти шоир Убайд Раҷаб бо ӯ суҳбати тӯлонӣ доштам ва ҳиссае аз онро, ки ба устод Турсунзода иртибот дорад, рӯи коғаз меорам:

-Ҳабдаҳ сол бо устод Турсунзода ҳамкор будед ва дар ин муддат сафарҳои зиёде ҳамроҳи он кас доштед…  

-Бале, ҳамроҳи устод сафарҳои зиёде доштам. Хуб ёд дорам, боре   ҳавопаймо фазои баҳри Аралро пас монду хоб аз чашм гурехт. Ба тиреза нигаристам: зеҳи шафақ сурате, ки гули ҳафтрангро монад, доман кашидааст. Устод ҳам бедор шудаанд, рангҳои субҳро тамошо доранд. Барои кӯтоҳ шудани таноби раҳ хоҳиш кардам, ки чизе аз сафарҳояшон ҳикоя кунанд.

— Маҷлиси муҳофизони сулҳ мерафт, — нақл карданд устод, — дар Маскав. Аз ҳама гӯшаҳои олам вакилон омаданд. Рӯҳонии англис Хюз ҳам дар байни меҳмонон аст. Мо бо ӯ  шиноси деринаем. Ҳар бор дар ҳар куҷое, ки маро бинад, «ҷаноби Турсунзода, ман мазҳаби шуморо қабул мекунам ва албатта, мусалмон мешавам, дар пиронсолӣ ин мазҳаб ба ман хуш омадааст» мегӯяд.

Рӯзи аввал, ҳамин, ки аз дур якдигарро дидем, бардам-бардам қадам монда, наздам омад.

— Чӣ ҳол доред ҷаноби Хюз, — пурсон шудам, — кайфият ва сиҳатӣ чӣ тавр аст?

— Хуб аст, ҷаноби Турсунзода, аз сиҳатӣ шикоят надорам, аммо ба шумо гуфта наметавонам, ки ҳама корҳоям нағзанд. Ба ваъдаи худ ҳанӯз вафо накардаам, шуморо дидаму ба ёдам расид, ки ҳанӯз ҳам мазҳаби исломро қабул накардаам.

— Мусалмон шудан чандон осон нест, ҷаноби Хюз, — гуфтам, — шартҳое дорад, ки шумо иҷро карда наметавонед,  синнатон даст намегирад.

— Не, не, ман ҳамаи шартҳояшро мепазирам, забони арабиро меомӯзам, ана мебинед, ки гапи ман қатъист.

— Ҳама шарташро иҷро кардан мумкин аст, ба ҷуз яктояш, — истодагарӣ кардам дар назди ҷаноби Хюз.

Маҷлис поён ёфту вакилон ба ҳар диёр рафтанд. Барои ба Англия гуселонидани ҷаноби Хюз ба фурудгоҳ омадам.

— Ман аз қавлам нагаштаам, ҷаноби Турсунзода, — гуфт пирамард, — ба ватан, ки баргаштам, мусалмон мешавам.

— Не, наметавонед, ҷаноби Хюз, — гуфтам, — мусалмонӣ бо гап намешавад, як шарти хеле муҳим дорад, ки иҷрояш барои шумо гаронӣ мекунад.

— Вай кадом шарт аст, ки шумо ҷаноби Турсунзода, маро аз иҷрояш ин қадар метарсонед, — гуфт ҷаноби Хюз вақте ки болои зинапоя буду ба тайёра ворид мегашт ва аз минбаъда по ба зинапоя гузоштан бозистода, исрор кард, ки то он шартро нагӯям, по аз ҷо намегирад ва ба тайёра савор намешавад.

— Як шарти мусалмонӣ суннатӣ кардан аст. Фарзанди мусалмонро, пеш аз ҳама, бояд хатна кунанд, — гуфтам ноилоҷ ва ба рӯ парда гирифта, аз мутарҷимдухтар хоҳиш кардам, ки суханамро тарҷума кунад.

Духтараки тарҷумон сурх шуд ва шарм дошт, аз хиҷолат зери обу арақ монд, вале тарҷума кард.

— Но! Но! (Не! Не!)  — хитоб кард ҷаноби Хюз – ба ин шарт ман ҳаргиз розӣ шуда наметавонам.

Ҷаноби Хюз аз зинапоя боло мебаромад ва ҳамон ҳарфи «Но! Но!» дар даҳон дошт. Аз дари тайёра охирин бор барои хайру хуш нигарист ва даст ба ҳаво бардошт.

— Но! Но!  Ҷаноби Турсунзода!

Ҳанӯз ҳам дар куҷое бо якдигар дучор оем, ҷаноби Хюз пеш аз салом додан «Но! Но!» мегӯяд ба аломати инкор аз ин шарти мусалмоншавӣ ва дигар бо ман дар  ин мавзӯъ мубоҳиса карданро раво намебинад. Шояд аз фикраш даст кашидааст.

Ба устод, ки вақти сухан гуфтан аз хушҳолӣ шукуфта буданд, нигаристаму гуфтам:

— Хуб сабаб ёфтед, вагарна ҷаноби Хюз як умр шуморо осуда намегузошт.

Ба нияти гап кофтан як нақли латифамонанди аз сафари Мексика ҳадя овардаашонро пурсидам. Маънидорона ба сӯям чашм дӯхтанд ва бо ҳамон хушҳолӣ ҳикоя карданд.

Асли нақл ин тавр аст: Ҷон Кеннедӣ, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Мексика меояд ва ҳангоми рӯ ба рӯ суҳбат оростан бо президенти давлати Мексика дар дасти ӯ банд ва соати аҷиберо мебинад ва ситоиш мекунад.

— Чӣ банду соати аълое.

Президенти Мексика бе он ки мулоҳиза фармояд, соатро аз даст мегирад ва ба Ҷон Кеннедӣ тақдим мекунад.

Дақиқае чанд сипарӣ мешаваду аз ҳусн ва латофати хонумҳо  сухан меравад. Президенти Мексика ба Ҷон Кеннедӣ менигарад ва таърифаш мекунад.

— Хонуми шумо, ҷаноби Кеннедӣ, беҳтарини хонумҳои Амрикост, — мегӯяд. Ҷон Кеннедӣ ба ҳамсари худ ва ба чашми  мусоҳиб менигарад ва табассум мекунад.

— Баҳоятон ҷон дорад, худи ман ҳам дар ҳамин андеша ҳастам, — мегӯяд ва соати лаҳзае муқаддам тақдим кардаи ҳамсуҳбати худро бармегардонад.

— Сиёсатмадорони олимартаба ҳам баъзан ҳазлҳои зебо мекунанд, – гуфтанд устод.

Аз устод боз суол карданӣ шудам, аммо овози духтараки раҳнамо, ки тавассути радио ба фурудгоҳи Душанбе наздик омадани тайёраро хабар дод, монеъ гашт.

-Агар гӯям, ки Шумо яке аз содиқтарин  шогирдони устод Мирзо Турсунзодаед, иштибоҳ намешавад. Бори нахуст кӣ шуморо бо устод шинос кард?

-Бори аввал маро бо устод Файзулло Ансорӣ, ки дар он айём сармуҳаррири идораи адабии Радиои ҷумҳурӣ буд, шинос карда  буд. Ман  кам не,  ҳафтдаҳ сол   ҳамроҳи устод кор кардам. Дар суҳбату мулоқот ва сафарҳои дуру наздик ҳамроҳашон будам ва дар  китоби «Зинда ба ишқ» дар ин хусус муфассал зикр  кардаам. Агар устод намешуданд, ҳеҷ гоҳ ман ба ин мартаба намерасидам ва бо бузургоне  чун аллома Бобоҷон Ғафурову шоири оламшумул  Расул Ҳамзатов ва дигарон вонамехӯрдам.

-Бо Расул Ҳамзатов вохӯриатон чӣ тавр сурат гирифт?

-Бо Расул Ҳамзатов на танҳо вохӯрдаам, балки  як шаби боронии тобистони соли 1965 ҳамроҳи устод  Турсунзодаю Акобир Шарифӣ дар деҳаи Сада будем. Баъди  дар Доғистон оғоз гардидани Рӯзҳои адабиёти тоҷик дар  хоки Россия мо ба ду гурӯҳ ҷудо шудем. Гурӯҳи мо, ки  Расул Ҳамзатов роҳбалад  ва устод Турсунзода сарпарасташ буданд, ба ноҳияи Хунзах раҳсипор шуд. Шаби дуюм Расул моро ба  манзили падариаш даъват кард. Чун манзили Ҳамзат Садаса ва Расул Ҳамзатов осорхона аст, дар хонаи писарамаки Расул, ки дар паҳлӯи хонаи худи онҳост, ба меҳмонон ҷой густурданд. Тамоми шаб сухан аз шеър ба лаб омад ва  ду устоди сухан аз дидаю шунидаҳои худ, аз барору нобарориҳои эҷодии шоирон, аз суннати шеъри Ховарзамин, аз масъулияти шоири имрӯз дар назди виҷдон ва  ҷамъият ва ояндагон, аз пешомади адабиёти халқҳои  хурду бузург ва ғайра ҳарф заданд.

Вақте устод Турсунзода аз хусуси бузургони шеъри  Доғистон гап кушоданд, Расул Ҳамзатов гуфт:

-Се кас: Маҳмуд, Сулаймон ва Ҳамзат Садаса. Магар зиёд аст барои Доғистон, не, бисёр кам.

-Имони комил дорем, ки зери роҳбарии Расул Ҳамзатови дилсӯз зиёд мешавад,- афзуданд устод Турсунзода.

-Не, ман ҷиддан мегӯям. Вале илоҷи зиёд  карданаш ҳаст, агар Мирзо Турсунзода иҷозат диҳад.

-Чӣ тавр?

-Боре хонда будам, ки адабиёти тоҷику форс  зиёда аз панҷ ҳазор соҳибдевон дорад, панҷ ҳазор! Кам аст? Не! Шумо ҳамагӣ 250-300 нафари онҳоро мехонед ва медонед. Ана аз ҳамон намехондагию намедонистагиатон ду–се тоашро  ба мо диҳед, мегӯям… Албатта, аз   Низомӣ   барин   бузургаш ва аз Берунӣ барин алломааш намегӯям. Аз даҳуму бистумаш. Мо эҷодиёти онҳоро ба забонҳои доғистонӣ мегардонем ва пас эълон мекунем, ки ана  боз чанд  шоири нав ёфтем. Таърихи тамаддуни мо он вақт  аз Маҳмуд не, аз қарнҳои қадимтар ибтидо мегирад,- ҳазли худро  давом дод Расул Ҳамзатов.

Бовар кунед, ки чунин суханҳоро дар он айём  на ҳар кас гуфта метавонист, вале Расул Ҳамзатов, ки ниҳоят  шуҳратёр  буд, ба таври  шӯхӣ ҳам бошад, бепарда ҳарф мезад. Аҷаб замоне буд, мисли афсона…

-Мегӯянд, ки боре ҳангоми сафар  бо дӯсташон Расул Ҳамзатов ба Эрон,  устод тарҷумони ӯ будаанд?

— Қиссаи тарҷумонӣ кардани Турсунзодаро ман соли 1974  ҳангоми сафар ба Конибодом, ки устод аз ин ҳавза номзад ба вакили Шӯрои Олӣ пешниҳод шуда буданд, аз забони худашон шунидаам.

Мо чор нафар будем: устод, ёварашон Ӯктами Маҳмуд, Сайфуллои ронанда ва камина. Роҳ тӯлонӣ буд, устод бо як хастаҳолӣ аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегаштанд. Маълум, ки беморӣ азияташон медиҳад, вале сир намедиҳанд. Ба хотири кӯфти роҳро баровардану хушҳол кардани устод, аз сафарашон ба Эрон ёдовар шудам. Воқеан ҳам устод аз ин суоли ман хушҳол шуданду ба китфи рост гаштанд ва бо табассуми малеҳе ба қисса оғоз карданд:

— Бо тавсияи Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ ҳангоми таҷлили ҷашни  Наврӯз соли 1968 ману дӯстам Расул Ҳамзатов ба Эрон сафар кардем. Дар бораи ин сафар рӯзномаҳо бисёр навиштаанд, ҳатто ҳазлу шӯхии Расулро ба қалам додаанд.

Рӯзҳои аввали ба Эрон омадан тарҷумон надоштем. Тарҷумон ба Расул лозим буд. Ӯ, ки на ҳарфи форсиро мешинохту на калимае ба форсӣ гуфта метавонист, ҳар навиштаеро, ки бинад, дарҳол мепурсид: «Мирзоҷон, ин ҷо чӣ навиштаанд?» Ҳар кас, ки сухане мегуфт, донистан хоста, суолам медод: «Мирзоҷон, ин кас чӣ мегӯяд?» Илоҷе набуд, барояш тарҷума мекардам. Раҳмашро мехӯрдам, ки аз гапу кор бехабар намонад. Раҳмдилиям гарон омад: барои Расул ҳам тарҷумон ва ҳам раҳнамо шудам, то рӯзе, ки ҷиддан тарҷумонаш нахостам.

Ҳамон рӯзҳое, ки дидаву шунидаҳоямро барояш тарҷума мекардам, дар як мулоқот Расул, саҳеҳтараш дар мулоқот бо садри аъзами Эрон бо одате, ки хоси ӯст, маро ба ҳозирин шиносонид:

— Шахсе, ки, — гуфт ҳазломез, — сухани маро ба шумо тарҷума мекунад, Қаҳрамони кори сотсиалистӣ, дорандаи мукофоти ленинӣ ва ҷоизаи давлатии Шӯравӣ ва ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ ва мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, вакили халқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравист ва боз соҳиби чанд ҷоизаву дараҷа… Агар тарҷумони ман чунин як  шахси баобрӯ ва соҳибмартаба аст, пас худи ман кистам?

Ҳозирин аз оҳанги суханронӣ ба шавқ омаданд, каф кӯбиданд ва рӯзи дигар гуфтаи ӯ паҳн шуд.

-Ба шумо, гуфтанд устод, ин лавҳаро дар омади гап гуфтам. Аз он сафар хотироти хубе дорам. Ҳоло, як ҷузъашро нақл мекунам. Он ҳам бошад дар хоки Эрон, дар худи Шероз, дар соати дармондагӣ ба мадади мо расидани каломи Хоҷа Ҳофиз аст.

— Рӯзи дигари ба Теҳрон омаданамон, — суханашонро идома дода, гуфтанд устод, — моро садри аъзами Эрон ҷаноби Ҳувайдо пазироӣ кард. Вақте вориди манзили кори садри  аъзам шудем, ӯ шеър дар лаб аз паси миз ба истиқболи мо бархост. Шеъри маро мехонд, он шеъре, ки ин тавр ибтидо мегирад:

               Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,

              Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар?

              Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,

              Аз шароре тоза гулхан офарад.

Ҳувайдо шеърро бо як шеваи ширин қироат мекард. Вақте сатрҳои зер:

              То насӯзӣ, сохтан мушкил бувад,

              Дил  ба ҷонон бохтан мушкил бувад.

              Шеър ҳам бояд занад фавворае

              Аз танӯри дил чу оташпорае.

              Сар занад аз дил, ба дил коре кунад,

              Нармтар сангин дили ёре кунад.

ба забонаш омаданд, тарҷумон ба Расул чизе гуфт.

Мирзо, — гуфт Расул оҳиста, — сарвазири Эрон шеъри туро қироат мекунад?

— Чунон ки шунидӣ, — ҷавобаш додам, — ин ҷо Эрон аст, ватани шеър аст, ҳама шеър медонанду шеър мехонанд, аз шоҳ то гадо.

— Ҳм, — гуфт Расул ва рӯ ба Ҳувайдо овард, ки рӯ ба рӯ омада буд.

— Хуш омадед, оғои Турсунзода, хуш омадед оғои Расул. Беҳтар аз байти шоир  наметавонам калимоте ба забон оварам:

              Ҳон, бифармо, ки хона хонаи туст,

              Тухми чашми ман ошёнаи туст.

Ҳувайдо оғӯш кушод ва мо аз рӯи суннати ниёгон бо ҳам вохӯрдем.

— Хеле хушам аз дидори шумо, – гуфт ва ба нишастан хонд ва бо ҳамон хушдилию кушодагӯӣ ва болидатабъӣ илова кард:

– Оғои Турсунзода, шумо ба ҳеҷ ваҷҳ меҳмон нестед, — истиҳола накунед, бигӯед, ки куҷо рафтанӣ ҳастед ва киро дидан мехоҳед? Эрон бароятон пешкаш аст.

Барои пазироии самимона сипосгузор шудам ва гуфтам, ки борҳо ба Эрон омадаам, аммо Шерозро надидаам, аввал Шерозро дидан ва мазори Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдиро зиёрат кардан ва аз бӯи гулҳои Шероз машоми худро муаттар сохтан мехоҳам, ки орзуи деринаи дил  аст.

— Нишопур ва Исфаҳон ва Машҳад ва Тӯс ва Табрез ва Кирмонро бубинед, Эрон дар ихтиёри шумост.

Боз ҳам ташаккур кардам.

— Ҳоҷат ба ташаккур нест, — гуфт Ҳувайдо, — фардо Шероз чашминтизори шумост.

Расул Ҳамзатов, ки шояд чунин як пазироиро чашмдор набуд, маҳви ҳайрат гӯш ба даҳони тарҷумон ниҳод…

Нақшаи сафари мо тағйир наёфт. Рӯзи дигар ба Шероз омадем. Ба назар чунин намуд, ки аз ҳар дару девори Шероз садои Ҳофизу Саъдӣ шунида мешавад,  сари ҳар тоқи он бо хати заррин аз эҷоди ин ду бузургвор иқтибос овардаанд.

Шероз, ки маркази Хуросон аст,  бо табиати худ ба водии Ҳисор шабеҳ аст, атрофашро кӯҳҳо печонидаанд. Шеваи гуфтори одамонаш шеваи тоҷикиро монад. Ба Шероз расида, сари таъзим ба оромгоҳи Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдӣ фуруд овардем, аз оби Рукнобод ҷуръае нӯшидем, гулгашти Мусаллоро давр задем ва аз ҳавояш нафас кашидем.

Дар Шероз ёфтани оромгоҳи ин ду марди бузург душвор нест. Чун ба ҷустуҷӯи оромгоҳ мебароед, шуморо  хиёбони «Гулистон» ва Ҳофиз рост ба он ҷо мебарад.

Шероз, дар баробари Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдӣ, як зумра касони маъруфро ба олами тамаддун эҳдо кардааст. Шерозиён ин касонро нек ёд мекунанд, манзилашон обод аст, яке аз дигаре беҳ. Як рӯзи мо сарфи тамошои зебоиҳои Шероз шуд.

Гашти рӯз хабар расид, ки таъҷилан бояд ба Теҳрон баргардем. Фардо субҳ Н.  А. Косигин, раиси Девони Вазирони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба Эрон меояд, ки дар расми ифтитоҳи корхонаи зубби оҳани Исфаҳон ширкат хоҳад кард. Бояд дар шумори пешвозгирандагон бошем.

Барои ба Теҳрон баргаштан ризоият додем. Мутасаддии мусофирати мо камар ба ҷустуҷӯи воситаи сафар баст. Хеле вақт сипарӣ гашт, аммо кӯшишаш натиҷа надод. Возеҳ шуд, ки то субҳи фардо аз Шероз ба сӯи Теҳрон тайёрае  парвоз нахоҳад кард, ҳам дер шудааст, ҳам обу ҳаво тағйир ёфта. Мошинсавор бояд ба роҳ баромад, ҳарчанд ки пурмашаққат аст. Розӣ шудем, лекин пайдо кардани нақлиёти мувофиқ муҳол афтод. Ба ҳар даре, ки мутасаддӣ рӯй овард, ҳарфи раддия шунавид.

— Оғоҷон, то субҳ сабр бояд кард. Роҳ дур ва шаб қариб ва обу ҳаво матлуб  нест.

Дидам, ки мутасаддӣ мушкилӣ мекашад, асабонӣ шудааст, назди соҳибвазифае рафтам, ки нақлиёти мусофиркашро дар ихтиёр дошт. Саломаш додам ва гуфтам, ки эй  марди некниҳод, некие бикун, ки бе некии ту муроди мо ҳосил нахоҳад шуд ва байти Хоҷа Ҳофизро хондам:

               Ҳофиз, ниҳоди неки ту қомат бароварад,

              Ҷонҳо фидои мардуми некӯниҳод бод.

Ва гуфтам:

— Дил мехост, шабе меҳмони шерозиён бошем, аммо имкон даст надод. Афсӯс, ки ба Теҳрон баргаштан лозим аст. Субҳ бояд дар Теҳрон бошем:

                            Дил гуфт фурӯкаш кунам ин шаҳр ба бӯяш,

                           Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд.

Ҷеҳраи мард шукуфт, лаб ба гуфтор кушод ва суолам дод:

— Шумо  Хоҷаро дӯст доред?

— Хоҷа пири ман аст. Ба нияти саҷда кардан ба мазори муқаддаси эшон аз Тоҷикистон ин ҷо расидаам.

— Бубахшед, ки ман шуморо шерозӣ пиндоштаам. Хоҷа барои ҳама некӣ кардааст, ку бубинем, ин бор чӣ мефармояд, — гуфт мард ва байти Ҳофизро хонд:

Чунон бизӣ, ки агар хоки раҳ шавӣ, касро

Ғубори хотире аз раҳгузори мо нарасад.

Ва чун донист, ки ман шоир Мирзо Турсунзода ҳастам, рӯй ба сӯе тобиду касеро даъват кард ва фармуд, ки навтарин чорчархаро ба сафар омода кунад ва бо худ як нафар ронандаи баҳушро бигирад, ки Теҳрон меравад ва меҳмонони хеле азизро ҳамроҳ мебарад.

Ба ҷои ташаккур ин байтро хондам:

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,

Рӯзе таваққуде кун дарвеши бенаворо.

Мошин ва ду нафар ронанда ба хидмат расиданд. Марди меҳрубон онҳоро назди худ хонд ва чизе гуфт, шояд дастур дод, ки дар роҳ сахт эҳтиёткор бошанд. Назди мо расиду бо байти Хоҷа Ҳофиз роҳи сафед хост:

Ба сарат, гар ҳама олам ба сарам бихрӯшанд,

Натавон бурд ҳавои ту бурун аз сари мо.

Ва даст ба дуо бардошт:

— Роҳи дур наздик ва рӯҳи бузурги Хоҷа мададгор бод!

Бо Шерози меҳмоннавоз хайрбод гуфтем ва шаб ҳама шаб роҳ сипарда, бомдодон, даҳ дақиқа пеш аз фуруд омадани тайёраи  Н. А. Косигин ба Теҳрон расидем…

 Карим МӮСО,
нависанда

Май 2, 2019 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад