Ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Мероси маънавӣ ва маърифатӣ дар Осиёи Марказӣ» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд Маркази тамаддуни исломӣ ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Дар доираи ифтитоҳи Маркази тамаддуни исломӣ инчунин Конгресси байналмилалӣ дар мавзуи «Мероси маънавӣ ва маърифатӣ дар Осиёи Марказӣ» оғоз ёфт. Дар кори он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва як гурӯҳ олимон, адибон, санъатшиносон, муҳаққиқон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Дар Конгресси байналмилалӣ роҳбари Маркази тамаддуни исломии назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Узбекистон Фирдавс Абдухолиқов вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва олимону донишмандон, намояндагони созмонҳои хориҷӣ ва дигар меҳмононро бо нигораҳои се давраи эҳё шинос намуд.
Конгресси байналмилалӣ дар мавзуи «Мероси маънавӣ ва маърифатӣ дар Осиёи Марказӣ» то 16 ноябр идома ёфта, дар он масъалаҳои муҳим вобаста ба мероси маънавӣ ва маърифатӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ мегарданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






