Китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» нашр гардид

Ноябрь 15, 2025 09:22

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» ва ҷилди дуюми китоби «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои «Народная газета»» нашр гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» иттилоъ доданд, китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» дар ду ҷилд рӯи чоп омадааст. Он дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2011-2020 нақл мекунад.

Китоб паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо, вохӯриҳо, инчунин сафарҳои корӣ ва расмиеро, ки дар саҳифаҳои нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» инъикос ёфтаанд, дар бар мегирад. Китоби якуми ««Народная газета» о Народном Президенте» солҳои 1992 то 1999 ва китоби дуюм солҳои 2000 то 2010-ро дар бар мегирад.

Китоб барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Омӯзиши он барои магистрантон, аспирантон, сиёсатшиносон ва инчунин ҳамаи онҳое, ки ба таърихи ташаккули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 15, 2025 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд