«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-адабӣ доир шуд

Ноябрь 14, 2025 14:12

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-адабӣ ва  маросими рӯнамоии китоби «Чеҳраи миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз намуд, ки ҳар ҷавони тоҷик бояд аз таърих, тамаддун ва қаҳрамонони миллати хеш огоҳ бошад. Ба қадри ободию осоиштагие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат фароҳам овардаанд, бирасад.

Иттилоъ дода шуд, ки барномаи фарҳангӣ-адабӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷмуаи «Чеҳраи миллат» аз чор ҷилд иборат буда, дар он осори чор шоири халқии Тоҷикистон — Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Давлат Сафар гирдоварӣ гардидааст.

Китоби «Чеҳраи миллат» таҷассумгари руҳи созанда, меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллии халқи тоҷик буда, ба оммаи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 14, 2025 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид