МУБОДИЛАИ ПАЙВАСТАИ МАЪЛУМОТИ ОПЕРАТИВӢ-ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСИИ ҲАМКОРИИ МАҚОМОТҲОИ АМНИЯТИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ. Дар Душанбе ҷаласаи Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

Май 21, 2019 18:22

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 46-уми Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ифтитоҳ намуда, саҳми арзандаи Шӯроро дар таҳкими амният ва суботи давлатҳои иштирокдори ИДМ зикр намуд.

Дар ин ҷаласа  қабл аз ҳама  ба ҳамкории хадамотҳои махсус дар самти мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Директори ФСБ (Хадамоти федералии амнияти) Россия Александр Бортников, ки раисиии  Шӯроро ба зима дорад, дар бораи натиҷаҳои ҳамгироии хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ, ки ба гуфтаи ӯ, «имкон дод дар давоми сол ҳашт ячейкаи террористиро ошкор ва зиёда аз 100  аъзои онҳоро дастгир намоянд» ибрози андеша  кард.

«Ҳамин тавр, дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолияти ҳашт ячейкаи ДИИШ (ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуданд»,-иттилоъ дод роҳбари  ФСБ.

Зикр гардид, ки якҷоя бо КАМ Ҷумҳурии Беларус фаъолияти ҷалбсозии эмиссарони ДИИШ дар интернет пешгирӣ гардид. КАМ Ҷумҳурии Қазоқистон ба хадамоти махсуси шарикон чор шаҳрванди Ӯзбекистон, ёздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Қирғизистонро, ки бо гумони алоқамандӣ бо терроризм ва ифротгароии динӣ боздошт шуда буданд, супорид. Ҳамзамон,   мақомоти амниятии Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳаҷми зиёди маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ боздоштанд.

Бортников зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории Хадамоти махсуси ИДМ табодули пайвастаи маълумоти оперативӣ мебошад. Маълумоти дастрасгардида махзани байналмилалии маълумот оид ба муқовимат бо терроризм, махзани махсусгардонидаи маълумоти Маркази зиддитеррористии ИДМ ва дигар низомҳои маълумотии мавриди истифодаи коллективиро пурра месозад.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки вазъияти тағйирёбанда «такмили мунтазами амалҳои муштаракро дар самти мубориза бар зидди терроризм, бо дарназардошти тадбирҳои пешгирикунанда тақозо мекунад».

Аъзои Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои  иштирокчии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар самти андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати устувор намудани ҷустуҷўи байналамимлалии ҷинояткороне, ки дар амалҳои  террористиву экстремистӣ даст доранд, ҳамчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои хадамотҳои махсус  ҷиҳати роҳандозии амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва чорабиниҳо барои пешгирӣ аз интиқоли ҷангиён-террористон дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мувофиқа расиданд.

Ғайр аз ин масъалаи дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муқобилият ва пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи ифротгароӣ, аз ҷумла аз байн бурдани сарчашмаҳои паҳнкунандаи чунин  мафкура дар шабакаи интернет мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Иштирокдорони ҷаласа  вобаста ба мавзўи мавриди назар андешаронӣ карда, нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризм, экстремизим ва ҷиноятҳои муташаккил устувор арзёбӣ намуданд. Барои баргузории ин чорабинӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мукаммал фароҳам буд ва ин омил боис гашт, ки масъалаҳои рўзномаи ҷаласа пурра ҳаллу фасл гарданд.

Дар ҳамин замина ҳисоботи роҳбари  Маркази зиддитеррористии Иттиҳод  оид ба натиҷаҳои татбиқи  барномаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба ба мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2017-2019, ҳамчунин оид ба натиҷаи фаъолияти марказ дар соли 2018 ироа гардид.

Дар ҷаласа  табодули таҷриба миёни кишварҳои аъзо муҳим шуморида шуд.

Дар қисми хотимавии ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои ИДМ таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии фаъол зимни тафтиши роҳҳои муҳоҷират ҳамчун усули ворид шудани ҷангиён-террористон ба кишварҳои Иттиҳод равона гардид. Дар баробари ин, фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз ва Кумитаи техникии махзани маълумоти муттаҳиди мақомоти амният ва хадамоти махсуси ИДМ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил оғоз гардид.

Дар охир аз кори ҷаласа натиҷагирӣ шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдор барои фаъолияти минбаъдаи Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардид.

Хотиррасон менамоем, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тулониро дар бар мегирад афзоишёбанда буда, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва кумаку дастгирии ҳамдигарии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонад. Яъне Тоҷикистон дар хати пеши мубориза ба терроризму ҷинояткории муташаккили фаромилӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи худ ва давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Май 21, 2019 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд