Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии «Роҳбарии трансформатсионӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда» дар Қазоқистон иштирок намуд

Май 25, 2019 11:41

ДУШАНБЕ, 25.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Роҳбарии трансформатсионӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда» доир гардид, ки дар кори он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иштирок намуд.

Тавре аз  мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конференсия ректорони академияву донишкадаҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва  Федератсияи Россия, инчунин, сиёсатмадорон, коршиносони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, намояндагони иттиҳодияҳои бузурги саноатӣ, олимону муҳаққиқон  иштирок намуда, дар мавзӯъҳои мубрами соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ   маърӯза карданд.

Иштирокдорон зимни маърӯза  омодагии худро бо мақсади ҳамкории судманди минбаъда дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки бояд сатҳи идоракунӣ, пеш аз ҳама, идоракунии давлатӣ вобаста ба тамоюлҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда баланд бардошта шаванд.

Дар доираи конференсия вохӯрии ректорони академияву донишкадаҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои иштирокчӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи муосир дар соҳаи идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, зимни мулоқот ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ҳамтоёни худро бо тарзу усулҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва самтҳои нави фаъолияти Донишкада шинос намуд. Зикр гардид, ки Донишкада дар фаъолияти худ аз таҷрибаи муассисаҳои дахлдори таълимии  Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо ба таври васеъ истифода менамояд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин муколама роҷеъ ба табодули таҷрибаи байниҳамдигарии сурат гирифт, ки мундариҷаи асосии он такмилу таҳкими шаклу усулҳои муосири таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатии ҷавобгуй ба талаботи ҷаҳони муосир буд.

Ҳамзамон, А.Ғафурзода бо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон А. Ахметов ва муовини ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия М.Марголин ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории судманд вохӯрӣ анҷом дод.

Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон омодагии худро барои вусъат додани ҳамкории васеъ бо Донишкада изҳор намуд.

Май 25, 2019 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд