«Noble Group» ва «Deutsch Bank» хостори тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 15.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар Душанбе бо намояндагони ширкатҳои сармоягузори байналмилалии хориҷӣ, назири директори минтақавии Ширкати байналмилалии «Noble Group» Луи Фел, роҳбари департаменти қарздиҳии Бонки «Deutsch Bank» Алекс Махлер мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои болозикр матраҳ гардид.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба намояндагони ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ муаррифӣ гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, намояндагони Ширкати байналмилалии «Noble Group» ва Бонки «Deutsch Bank» ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба намояндагони ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ маҷмӯи маводи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва фитта оид ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ тақдим гардид.
Мусаллам аст, ки Ширкати байналмилалии «Noble Group» яке аз ширкатҳои пешрафтаи таъминкунандаи маҳсулоти энергетикӣ ва ашёи хоми саноатӣ дар минтақаи Осиё маҳсуб ёфта, зарфи 12 сол бо Ширкати Алюминийи Тоҷик «ТАЛКО» ҳамкорӣ дорад.








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






