Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст

Сентябрь 28, 2026 13:29

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин хусус имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз намуданд.

Сарвари давлат баён доштанд, ки танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуда, маблағгузории талаботи иҷтимоиву иқтисодии вилоят мунтазам таъмин шуда истодааст. Зиёда аз 7,5 миллиард сомонӣ ё 81 фоизи ин маблағ аз буҷети ҷумҳуриявӣ равона гардидааст.

Таъкид гардид, ки дар баробари ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар вилоят 41 лоиҳаи муҳими сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 13 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Илова бар ин, давоми бист соли охир ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки беш аз 1 миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

«Ҳамчунин барои истифода ва коркарди захираҳои табиии вилоят ба маблағи умумии 1,3 миллиард сомонӣ созишномаҳои нави сармоягузорӣ ба имзо расонида шудаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи сохтмони вилоят 8,8 миллиард сомонӣ равона гардида, беш аз 2 ҳазору 500 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардидааст.

Танҳо аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз соли 2008 то ҳол, яъне дар 18 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 123 иншооти иҷтимоӣ ва маъмурӣ ба маблағи 863 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст»,-тазаккур доданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2026 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад