Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»

Сентябрь 28, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 3 миллиард сомонӣ расидааст. Соли 1991 аҳолии вилоят ҳамагӣ 172 ҳазор нафар буд, вале имрӯз ин шумора ба беш аз 236 ҳазор нафар расида, нисбат ба давраи оғози соҳибистиқлолӣ 64 ҳазор нафар зиёд мебошад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар вилоят беш аз 120 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуда, 27 ҳазор шаҳрванд ба таври ройгон касбу ҳунар омӯхтаанд, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо занон мебошанд.

Роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки бо истифодаи самараноки имконоти  мавҷуда ва таъмин намудани рушди бахши хусусӣ суръати пешрафти иқтисодиётро боз ҳам тақвият бахшанд. Ҳамчунин ба таъсиси ҷойи кор, афзоиши даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуда, маблағгузории талаботи иҷтимоиву иқтисодии вилоят мунтазам таъмин гардида истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад