Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид

Сентябрь 28, 2026 15:57

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон талош менамояд, ки ислоҳоти рақамиро ба тавре амалӣ намояд, ки ҳалли миллӣ аз ибтидо бо назардошти мутобиқати ояндаи минтақавӣ таҳия карда шавад. Консепсияи «Изи ягонаи рақамӣ» имкон медиҳад, ки аз рақамикунонии пароканда ба меъмории ба ҳам алоқаманди тиҷорат гузарем ва минбаъд ин равишро тадриҷан дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ татбиқ намоем. Ин нукта дар Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ баргузор гардид, таъкид карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» беш аз 300 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои марбутаи соҳаи савдо ва иқтисод, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Баррасии роҳҳои рушди савдои фаромарзӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ, коҳиш додани расмиёти коғазбозӣ, рушди табодули электронии ҳуҷҷатҳо ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ аз

ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» арзёбӣ гардид.

Дар форуми байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба рақамикунонии равандҳои савдои байналмилалӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ ва тиҷоратӣ, истифодаи ҳуҷҷатҳои электронии савдо, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди савдои фаромарзӣ баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тиҷорати рақамӣ тадбирҳои муассир меандешад. Қабули «Барномаи савдои электронӣ барои солҳои 2026-2029» дар мамлакат далели ин гуфтаҳо аст. Ин барнома ба рушди инфрасохтори рақамӣ, тиҷорати онлайнӣ ва мусоидат ба фаъолияти бозори электронии кишвар равона гардида, фаъолият ва ҷузъиёти он тавассути платформаҳои расмии давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Таъкид шуд, ки гузариш ба низоми савдои бекоғаз метавонад ба коҳиши хароҷоти маъмурӣ, сарфаи вақт, баланд бардоштани шаффофияти равандҳои савдо ва суръат бахшидани гардиши молу хизматрасонӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон дар форум зарурати таҳкими ҳамоҳангӣ байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, мутобиқсозии низомҳои рақамӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои табодули электронии маълумот таъкид гардид.

Дар идомаи форум иштирокдорон таҷрибаи кишварҳои гуногунро дар самти рақамикунонии савдои фаромарзӣ баррасӣ намуда, доир ба имконияти рушди ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми форум таъкид гардид, ки истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи савдо яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди рақамӣ, густариши ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳо мебошад.

Яке аз паёмҳои рамзии форум нақши Тоҷикистон ҳамчун кишваре буд, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, ки бо кӯҳҳои сарбафалаккашида, аз ҷумла кӯҳҳои Помир маъруф аст, равишеро муаррифӣ намуд, ки тибқи он ҳадафҳои баланди ислоҳоти рақамӣ аз ҳалли мушаххаси миллӣ оғоз гардида, барои ҳамкории минбаъдаи минтақавӣ замина фароҳам меоранд. Созмондиҳандагони форуми байналмилалӣ таъкид намуданд, ки форум нуқтаи анҷом набуда, балки оғози фаъолияти минбаъдаи муштарак дар самти татбиқи лоиҳаҳои озмоишии рақамӣ, ҳамгироии низомҳо ва рушди инфрасохтори муосири тиҷорати рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2026 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад