ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон борида, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рўзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






