Омили баланд будани меъёри фоизи қарзҳо чист? Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи «Набзи иқтисод» аз Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонк ба мисли рагҳои хунгардест дар низоми иқтисодиёт ва аз фаъолияти самараноки он маҷмӯи иқтисодиёт вобастагии зич дорад. Ба таҳлили коршиносон, агар низоми бонкдорӣ устувор бошад, низоми иқтисодиёти давлат низ устувор хоҳад буд.
Тавре ба ҳамагон аён аст, низоми бонкии ҷумҳурӣ айни замон буҳронро аз сар мегузаронад. Коршиносон сабабҳои ноустувори низоми бонкӣ ё мушкилоти бонкиро ба омилҳои гуногуни беруниву дохилӣ рабт медиҳанд. Иқтисодшиносон мегӯянд, асоситарин масъалае, ки дар низоми бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад, ин ҳалли роҳҳои паст кардани меъёри қарзӣ ва беҳтар кардани механизми додани қарз аст.
Оё эътимоди пасандозгузорон, ки аз фаъолияти ноустувори чанде аз бонкҳо коҳиш ёфт, беҳбудӣ намехоҳад?
Посухи ин ва дигар суолҳоро метавонед дар барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» дар таҳлили коршиносон 10 майи соли 2019, соатҳои 08:30 (аслӣ), 17-30 ва 21-30 (такроран) дар пешниҳоди муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз мавҷи Радиои «Ховар» бишнавед!








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






