ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 40 дарсади аҳолии сайёра аз норасоии об азият кашида, 80 дарсади обҳои партов бидуни коркард ба муҳити зист партофта мешаванд ва беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ бо об алоқаманданд. Чунин изҳори нигаронӣ намудааст дабири кулли СММ Антониу Гуттериш вобаста ба масоили об дар сомонаи расмии Конфронси оби СММ – 2023, ки қарор аст аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор гардад.
Бо дарназардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт, ҷомеаҳо ва муҳити зисти мо, об воқеан бузургтарин созиш барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда, аз ҷумла ҳадафҳое мебошад, ки дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 пешбинӣ шудаанд.
Тибқи маълумоти Изҳороти дурнамои Конфронси оби СММ дар соли 2023, имрӯз чаҳоряки аҳолии ҷаҳон, яъне 2 миллиард нафар аз захираҳои оби нӯшокии ба талабот ҷавобгӯнабуда истифода мебаранд. Нисфи башарият ё 3,6 миллиард нафар – бе санитарияи бехатари идорашаванда зиндагӣ намуда, зиёда аз 80% оби партов бе коркард ва истифодаи дубора ба муҳити зист дода мешавад ва хушксолӣ метавонад пандемияи навбатӣ бошад. Дар Конфронси оби СММ дар соли 2023 кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ҳама қишрҳои ҷомеа ба ҳалли масъалаи об ҷалб гардида, он барои ҷаҳон лаҳзаи ҳалкунанда гардад.
Тафсилоти бештар вобаста ба раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси оби СММ — 2023 имрӯз соатҳои 11:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и радиои “Ховар” бо иштироки намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (КИ ХБНА) ва ҳамзамон узви гурӯҳи кории тоҷикистонӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ — 2023 Саноӣ БОЙЗОДА дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Сӯҳроби НУРИДДИН пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»