Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давомнокии мавҷҳои гармӣ ва афзоиши марбут ба сӯхторҳои ҷангал дар асри ХХI эҳтимол боиси бад шудани сифати ҳаво гардида, ба саломатии инсон ва экосистема зарар расонад. Тибқи гузориши нави Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, таъсири мутақобилаи ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим садҳо миллион нафарро ба истилоҳ ба “ҷазои иқлимӣ” мувоҷеҳ хоҳад кард. Бюллетени солонаи Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар соли 2022 вобаста ба вазъи сифати ҳаво ва робитаи наздики он бо тағйирёбии иқлим гузориш медиҳад.
Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ вобаста ба сифати ҳаво ва иқлими соли 2022 махсусан ба таъсири дуди оташи ҷангал дар соли 2021 таваҷҷуҳ мекунад. Мисли соли 2020 шароити гарм ва хушк паҳншавии сӯхторҳои ҷангалро дар ғарби Амрикои Шимолӣ ва Сибир шадидтар карда, боиси афзоиши густурдаи моддаҳои зарраҳои хурди ба саломатӣ зараровар гардид. “Бо гарм шудани ҷаҳон интизор меравад, ки сӯхторҳои ҷангал ва ифлосшавии ҳавои ба он алоқаманд ҳатто дар намуди ками партовҳо афзоиш ёбад. Бо илова бар таъсир ба саломатии инсон ин ба экосистемаҳо низ таъсири манфӣ мерасонад, зеро ифлоскунандаҳои ҳавои атмосфера дар сатҳи Замин ҷамъ мешаванд”, — мегӯяд дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ профессор Петтери Таалас.
«Мо инро дар мавҷи гармои Аврупо ва Чин имсол дидем, ки шароити доимии атмосфера, нури Офтоб ва суръати пасти шамол ба сатҳи баланди олудашавӣ мусоидат карданд», — гуфт дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ. Ба гуфтаи Петтери Таалас, ин пешгӯйии оянда аст, зеро “мо афзоиши минбаъдаи басомад, шиддат ва давомнокии мавҷҳои гармиро интизорем, ки метавонад боиси боз ҳам бадтар шудани сифати ҳаво, падидае, ки ба истилоҳ бо номи «ҷазои иқлимӣ» маъруф аст, гардад”, — гуфт ӯ.
Ҷазои ба истилоҳ “иқлимӣ” бевосита ба таъсири афзояндаи тағирёбии иқлим ба ташаккули озон дар сатҳи Замин дахл дорад, ки ба ҳавои нафаскашии одамон таъсири манфӣ мерасонад. Дар минтақаҳое, ки ҷазои шадидтарини пешгӯии иқлимӣ доранд — асосан дар Осиё — тақрибан чаҳоряки аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Тағйирёбии иқлим метавонад ифлосшавии фалокатбори озонро дар сатҳи замин афзоиш дода, дар натиҷа ба саломатии садҳо миллион одам таъсири манфӣ расонад.
Тафсилоти бештар вобаста ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и радиои “Ховар” дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Абдураҳмони РУСТАМ пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»