Озмуни ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» баргузор мегардад

Май 9, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 22-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат»-ро эълон менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои клубӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ — фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи фарҳанг ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими заминаи моддӣ — техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар муассисаҳои клубӣ мебошад.

Озмун аз рўи ду номинатсия: «Муассисаи клуби беҳтарин» ва «Корманди беҳтарин» сурат мегирад. Давраи баргузории озмун моҳҳои май-июни соли равон  муайян шудааст.

Даври ҷамъбастии озмун 29 июни соли равон дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, собиқадорони соҳаи фарҳанг ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.

Озмун шартҳои зерин: ҳолати умумии бино, ҳуҷраҳои корӣ, ҳуҷра барои машғулияти махфилҳо, таъминот бо воситаҳои техникӣ, воситаҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқии миллӣ, замонавӣ, сару либоси саҳнавӣ, дастовардҳои фарҳангӣ дар ду соли охир то имрўз,
истифодаи технологияи муосир ва компютерӣ (сомона, почтаи электронӣ, саҳифа дар Фейсбук), вазъи ҳисоботи хаттӣ ва оморӣ, фаъолияти ҳуҷраи дастурдиҳӣ, нақшаҳои кории муассиса ва махфилҳо барои солҳои 2018–2019 ва дигар шартҳоро дар бар мегирад.

Май 9, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд