ПАЛАВИ ТОҶИКИРО ДАР МОСКВА ШОҲИ ТАОМҲО НОМИДАНД. Дар Китобхонаи давлатии Россия монографияи нав муаррифӣ шуд

Май 3, 2019 09:12

ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Россия муаррифии монографияи «Лаззати Шарқ. Анъанаҳои гастрономӣ дар таърих, фарҳанг ва динҳои мардумони Осиё ва Африқо», ки дар кафедраи забонҳои ҳиндуэронӣ ва африқоии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Москва (ДДМБМ) таҳия шудааст, баргузор гардид. Китоб ба хотираи хатмкардагони Донишкадаи мазкур – ҷуфти ҷавон, кормандони Сафорати Россия дар Покистон, ки ҳангоми заминларза дар Непал (25 апрели соли 2015) вафот кардаанд, Алексей Липеев ва Мария Яковлева бахшида шудааст.

Яке аз бахшҳои монография «Палави тоҷикӣ ҳамчун хӯроки писандидаи  фарҳанги бойи халқи тоҷик» ном дорад. Муаллифи ин бахши монографияи дастаҷамъона рӯзноманигори шинохта, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, профессори  ДДМБМ Ҳалима Хушқадамова зимни суханронии худ дар бораи таҳлилҳо зикр карда, ба таҳлилгарон ва нашриёт барои дастгирӣ ва чопи лоиҳааш изҳори миннатдорӣ намуд.

Маросими муаррифии монография аз ҷониби донишҷӯёни ДДМБМ, ки забони бенгалӣ – ҳиндӣ ва паштуӣ – дариро меомӯзанд, бурда шуд.  Духтарон бо сариҳои ҳиндӣ нусхаи китоби зебо печонидашударо ба директори Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Россия М. Меланина тақдим намуданд. Донишҷӯён ҳамчунин доир ба монографияи муаррифишуда викторина барпо намуданд. Ҳамин тавр, яке аз саволҳо чунин садо дод: «Кадоме аз хӯрокҳоро шоҳи таомҳо меноманд?».

ДАР АКС: зимни муаррифии монография

Якчанд нафар аз иштирокдорон «Палави тоҷикӣ» посух доданд. Ин сиғаи ғаймуқаррарӣ ба чорабинии мазкур фавқулодагӣ бахшид ва таъми ғайриодии таомҳои Шарқ ва ғановати фарҳанги халқҳои Осиё ва Африқоро махсус таъкид кард.

Даниил ОГНЕВ,
магистранти ДКОА ДДМ) ба номи М.В. Ломоносов
(гурӯҳи тоҷикӣ-форсӣ)

ДАР АКС: Дипломатҳои рус Алексей Липеев ва Мария Яковлева, ки дар Непал фавтидаанд

Май 3, 2019 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард