Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Деҳоти «Пушинг»-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар2/. 23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар даромадгоҳи деҳоти «Пушинг» бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамичро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.
Акнун баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мошингард ҳазорҳо нафар сокинони деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак аз ин роҳ ба таври самаранок истифода мебаранд. Рафтуомади бемамониати одамон ва нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли мусофиру мол осон мегардад.
Бунёди роҳ дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми ноҳияи Данғара мебошад, зеро роҳи мошингард бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи тоҷик” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои роҳсозӣ бунёд карда шуд.
Роҳсозон дар вақти сохтмон ҳамаи талаботи меъёрҳоро ба инобат гирифта, корҳои бунёди роҳи пиёдагард, ҷуйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузар, чароғонкунии қад-қади роҳро анҷом додаанд.
Бари роҳи мошингард дар минтақаҳои гуногун аз 4,5 то 14 метрро дар бар мегирад.
Барои чароғонкунии роҳи мазкур дар маҳалҳои аҳолинишин 240 адад сутунпоя бо чароғҳо шинонида шудаанд.
Дар масири ин роҳ барои ҷавобгӯ намудан ба талаботи роҳсозӣ даҳҳо адад аломатҳои ишоратӣ насб гардидаанд.
Барои дар рафти сохтмон бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ аз тарафи пудратчиён 50 нафар ба кор ҷалб карда шуданд.
Ҳамчунин барои бунёди роҳ аз техникаҳои муосири роҳсозӣ истифода гардид. Сохтмончиён кӯшиш карданд роҳро босифат созанд, то он солҳои дароз ба мардуми деҳот хизмат расонад ва барои ин иқдомашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо баҳои арзанда доданд.












Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






