Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И мулоқот намуданд

Май 20, 2019 18:23

ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушду густариш ва таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ бо кишвари Чин манфиатдор ҳастем.

Аз сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои робитаҳои дуҷониба, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмӣ ва давлатии сарони давлатҳо, татбиқи нишондиҳандаҳои санадаҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ ва иштироки ҷониби Чин дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, фарҳанг ва илму технология муҳокима карданд.

Дар ин замина тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуҳои дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, мусоидат ба ҳалли мусолиҳатомези вазъи сиёсию амниятӣ дар кишварҳои минтақа ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 20.05.2019

Май 20, 2019 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон