Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушди муносибатҳои ҳамкории стратегӣ бо Россия дар тамоми соҳаҳо, бахусус бахши кишоварзӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва умедворем, ки он минбаъд низ ба манфиати ҷонибҳо ба таври судманд идома дода мешавад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар самти боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, афзоиши иқтидори содиротию воридотии кишварҳо, содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия табодули андеша карданд.
Таъкид шуд, ки айни ҳол иқтидори содиротии мева, ангур, сабзавот ва асали Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна дар як сол буда, имконияти ҳар ду ҷониб барои афзун кардани ин нишондод мавҷуд аст.
Дар ҷараёни мулоқот роҳандозии тадбирҳои муштарак, аз ҷумла ташкили корҳои логистикӣ ҷиҳати боло бурдани нишондодҳо ва таъсиси маркази тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маводҳои бастабандӣ, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои тухмипарварӣ, паррандапарварӣ, ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ, роҳҳои дигари рушди ҳамкории бахши кишоварзӣ номида шуд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






