Рӯйхати 47 муассисаи таълимӣ барои ташкили марказҳои имтиҳонӣ дар соли 2019 муайян карда мешавад
ДУШАНБЕ, 09.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи таъсисдодаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ, арзёбӣ, интихоб ва қабули муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкили марказҳои имтиҳонӣ аз 65 муассисаи таълимӣ дидан намуд.
Тавре аз Марказ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи натиҷаҳои арзёбӣ рӯйхати 47 муассисаи таълимӣ барои ташкили марказҳои имтиҳонӣ дар соли 2019 ҷиҳати тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, пас аз тасдиқ рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо барои баргузории ИМД-2019 марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, бо маълумоти муфассал дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






