Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода: « Аз вазифаҳои хизматӣ суиистифода накунем, бо хизмати содиқона барои фарзандон намунаи ибрат бошем»
ДУШАНБЕ, 21.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ 10 майи соли равон баён доштанд, ҷаласа баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз мақомоти мазкур хабар доданд, дар ҷаласа раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода иброз намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки мақсади мулоқот бо кормандони соҳаҳои мазкур баррасии фаъолияти сохторҳои марбута, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур мебошанд.
Ҷ. Аҳмадзода нуктаҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллатро шарҳ дода, зикр намуд, ки ҷавҳари асосии вохӯрии мазкур аз он иборат буд, ки Президенти мамлакат ба масъалаи мавқеи ҳар як шахси алоҳида, корманди масъул, роҳбари ин ё он зинаи мақомоти давлатӣ, ки барои иҷрои ин ё он вазифа бо боварӣ муваззаф гардидаанд, ибрози ақида намуда, такрор ба такрор иштирокчиёни вохӯрӣ, тамоми хизматчиёни давлатиро ба хизмати содиқона, дасту дили пок ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ ҳидоят намуданд. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки хизмати содиқона ба халқу Ватан шарафи бузург аст ва мо набояд аз вазифаҳои хизматӣ суиистифода намоем. Бояд бо хизмати ҳалол ва содиқона ба халқу Ватан барои фарзандон намунаи ибрат бошем.
«Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар партави иқдомҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳкими сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъмориву сохтмон, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи мазкур, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, тақвияти соддаю шаффофгардонии низоми бақайдгирию хизматрасонӣ, дар ин замина мукаммал намудани муносибатҳои байниидоравию минтақавӣ ва асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳои муайянеро роҳандозӣ менамояд», — афзуд раиси Кумита.
Ҷ.Аҳмадзода диққати ҳозиринро ба суханронии Президенти мамлакат, инчунин ба масъалаи раванди татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб намуда, гуфт, ки бо вуҷуди қонеъкунанда будани азхудкунии маблағҳо, сатҳу сифати иншооти таҷдиду бунёдшаванда, техникаву таҷҳизот ва хизматрасониҳое, ки бо ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, ба талабот ҷавобгӯ нест.
«Аз ин лиҳоз, мову шумо, он нафаронеро, ки фаъолияташон ба ин соҳа дахл дорад, зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти ба талаботи стандартҳои пешбинишуда ҷавобгӯ будани иншооти таҷдиду бунёдшаванда, воридоти техника ва таҷҳизоти зарурӣ, инчунин, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ҷалбшаванда пурзӯр намоем», -таъкид намуд ӯ.
Сипас иштирокдорони ҷаласа доир ба суханронии Пешвои миллат дар мулоқоти зикршуда мулоҳизаҳои худро баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки кормандони Кумита дастуру супоришҳое, ки аз суханронии Сарвари давлат бармеоянд чун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






