Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар шаҳри Бишкек дар доираи иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Достон Ҷумабеков мулоқот намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Шукурҷон Зуҳуров барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Раиси парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори сипос намуда, натиҷаи самараноки онро омили муҳими тақвияти ҳамкории байни Тоҷикистону Қирғизистон Қирғизистон арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар шароити кунунӣ ва рушди босуботи ҷаҳон муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои барои ҳарду ҷониб афзалиятнок заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
«Дар мулоқот дар мавзӯъҳои вазъи минтақа ва ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла таҳкими амну субот ва атрофи масъалаҳои сарҳадӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Махсус таъкид гардид, ки комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистонро зарур аст, ки дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ корро пурзӯр ва ҳарчи зудтар шартномаи байнидавлатиро дар ин самт омода намуда, ба имзо расонанд», -илова намуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд буда, гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ низ фаъолият доранд.








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






