«Шинохти адабиёти гуфторӣ пас аз Истиқлоли Тоҷикистон»-таҳти ин ном китоби нави профессор Равшан Раҳмонӣ аз чоп баромад

Май 11, 2019 10:55

ДУШАНБЕ, 11.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба наздикӣ китоби нави профессор Равшан Раҳмонӣ зери унвони «Шинохти адабиёти гуфторӣ пас аз Истиқлоли Тоҷикистон» зери назари академики АИ ҶТ А.Раҳмонзода, академики АИ ҶТ М.Имомзода ва муқарризон: узви вобастаи АИ ҶТ, А.Кўчаров, дотсент С. Бобоев ба нашр расид.

Китоб аз «Сарсухан» ва фаслҳои зерин иборат аст: «Давраҳои пажўҳиши адабиёти гуфторӣ то Истиқлоли Тоҷикистон», «Адабиёти гуфторӣ дар солҳои навади садаи ХХ, пас аз Истиқлоли Тоҷикистон (1991-1999)», «Пажўҳишкадаи Мардумшиносӣ ва «Мардумгиёҳ», «Адабиёти гуфторӣ дар солҳои 2000-2009», «Ҷусторҳои адабиёти гуфторӣ дар солҳои 2010-2018», «Дифои рисолаҳои илмӣ пас аз Истиқлоли Тоҷикистон», «Равобити байналмилалии фолклоршиносон», «Тадрис ва таҳқиқи адабиёти гуфторӣ».

Муаллифи рисола ба таври хронологӣ ва таърихнигорӣ дар бораи омўзиш ва пажўҳиши адабиёти гуфтории (фолклори) тоҷикон дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар шакли китоб нашр гардидааст, иттилоъ медиҳад.

Ба гуфти эшон «адабиёти гуфторӣ ё фолклор як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мардуми тоҷик буда, ин мероси арзишманд дар тўли таърих ҳамеша таваҷҷуҳи адибон ва донишмандони моро ба худ ҷалб намудааст. Омўзиш ва пажўҳиши ин ганҷинаи беназир, ки доимо ҳамдами шодиву ғам ва тарбиятгари беминнати мардум ва сарчашмаи эҷодиёти адибон аст, дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон низ, аз назари пажўҳандагон дур намондааст».

Тавре ки муаллиф ишорат менамояд «инсон аз тариқи сухан дар бораи воқеа, ҳодиса, саргузашт, анъанаҳои мардумӣ, фаъолияту ҳаркати одамон, муҳити табиӣ ва мушоҳидаҳои кайҳонӣ ва ғайра андешаи худро баён менамояд. «Ҳамин сухан ҳазорон-ҳазорон сол аст, ки аз тариқи гуфтор инсонро роҳнамун аст. Дар бораи ин сухан ба истилоҳи имрўза андеша намоем, он як навъ адабиёти гуфторӣ аст. Яъне инсон аз насл ба насл ҳамдигарро бо сухан дарси зиндагӣ ё адаб меомўзад, ки ҳоло адабиёт меноманд. Бо гузашти замон он адабиётеро, ки барои тарбияи инсон нақш дорад метавон ба ду даста ҷудо кард: адабиёти гуфторӣ ва адабиёти навишторӣ».

Дар воқеъ дар асри XIX дар кишварҳои аврупоӣ матнҳои фолклориро бо гўиши мардум дар раванди нақл ва иҷро сабт намуда, мавриди пажўҳиш қарор додан оғоз гардид. Дар натиҷа омўзиш ва пажўҳиши матнҳои гуфторӣ тадриҷан дар тамоми дунё густариш ёфт.

Баъдҳо дар охири садаи XIX ва ду-се даҳсолаи аввали садаи XX мардумшиносони рус баъзе намунаҳои матнҳои гуфториро зимни пажўҳиши забон ва этнографияи тоҷикон сабт ва нашр намудаанд. Дар солҳои бистуми садаи ХХ барои гирдоварии матнҳои фолклорӣ ва пажўҳиши он пажўҳандагони тоҷик ҳамроҳ шуданд. Устод Айнӣ яке аз аввалинҳо буданд, ки дар мақолаи худ «Забони тоҷикӣ» ба гирдоварии «адабиёти халқ» ишорат карда, барои омўхтани бадеияти забон муҳим будани онро ёдовар шудаанд. Дар натиҷа дар охири солҳои 20 ва бештар дар солҳои 30 ва андаке дар солҳои чили садаи ХХ ва баъдан то Истиқлоли Тоҷикистон гирдоварӣ ва баррасии матнҳои адабиёти гуфторӣ бо сабку салиқаи гуногун сурат гирифт.

Ба гуфти Р.Раҳмонӣ дар арафаи Истиқлоли Тоҷикистон (соли 1991) фолклоршиносони номдор Р. Амонов (1923- 2002) 68 сола ва В. Асрорӣ (1917-1996) 74 сола буданд. Синни шогирдон ва ҳамкорони онҳо аз ҷумла Р. Қодиров (1923-2012), С. Норматов (с.т. 1928), Б. Тилавов (1932-2009), С. Маҳдиев (1932-2006), Ф. Зеҳниева (1932-2014), А. Сўфиев (с.т. 1932), С. Чалишев (1932-2015), Д. Обидов (1933-2015), Б. Шермуҳаммадов (1934-1998), Н. Азимов (с.т. 1934), Р.Аҳмадов (с.т. 1935), Н.Шакармамадов (1936-2011), Ф.Муродов (1936-2012), С.Фатҳуллоев (с.т. 1936), Р.Ширинова (с.т. 1936), Н. Худойдодзода (с.т. 1936), С. Наимбоев (1937-2007), Т. Исроилова (1937 – 2016), М. Неъматов (с.т. 1937), Ҳ. Раҳматов (с.т. 1938), А. Мардонова (с.т. 1938), Ҷ. Рабиев (1940–2011), А. Нуралиев (с.т. 1941), А. Мавлонов (с.т. 1942) аз 60 ва аксарият аз 50 гузашта буд.

Агарчи баъзеҳо барои таъмини зиндагӣ, ба корҳои дигар машғул мешуданд, вале аксари онҳо, то охири умр кўшиш намуданд, ки ба фаъолияти худ идома диҳанд. Бархе то имрўз омўзиш ва пажўҳиши адабиёти гуфториро тарк накардаанд. Баъзе бештар ва баъзе камтар машғули кор ҳастанд.

Гурўҳи дигари пажўҳандагон ба мисли Р. Раҷабов (Раҷабӣ, 1946-2012), Р. Раҳмонӣ (Раҳмонов, с.т. 1954), Ш. Умарова (с.т. 1957), Ш. Мирзоева (с.т. 1955), М. Азамова (с.т. 1955), С. Мирзоев (с.т. 1958), Г. Ризвоншоева (с.т. 1961), С. Бобоев (с.т. 1965), С. Қосимов (Қосимӣ, с.т.1969) ва дигарон асосан пас аз Истиқлоли Тоҷикистон фаъолияти илмии бештар доштанд ва доранд. Баъзе адабиётшиносон низ ба мисли У. Тоиров (с.т.1942), А. Маҳмадаминов (с.т. 1951), Н. Файзуллоев (с.т. 1952) ва В. Охониёзов (с.т. 1965) ба таҳқиқи вазн, матни фолклорӣ, баъзе унсурҳои он дар осори адибон, адабиёти кўдакон ва наврасон пардохтанд.

Ба гуфти Р. Раҳмонӣ то Истиқлоли Тоҷикистон пажўҳандагони тоҷик фақат дар дохили кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ фаъолият доштанд. Бо муассисаҳои фолклоршиносии кишварҳои дигари олам робита надоштанд. Асарҳои илмии онҳо низ хориҷ аз кишвар чоп намешуданд. Аммо пас аз Истиқлолият берун аз Тоҷикистон низ фаъолиятҳои зиёди илмӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин дар замони Иттиҳоди Шуравӣ фолклошиносон дар кишварҳои хориҷӣ низ (ба ҷуз Афғонистон) дар ҳамоишҳои илмӣ ширкат наварзидаанд. Вале пас аз Истиқлолият онҳо дар ҳамоишҳои зиёди илмии байналмилалӣ иштирок намуда, фолклори тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон шинос намуданд. Пас аз Истиқлоли Тоҷикистон равобити илмӣ на фақат бо кишварҳои ҳамзабони Афғонистон ва Эрон, балки бо марказҳои эроншиносии Австралия, Англия, Австрия, Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Норвегия, Олмон, Шведсия, Юнон, Италия, Ҳиндустон, Япония ва ғайра ба вуҷуд омад.

Ҳамчунин намунаҳои матнҳои адабиёти гуфторӣ, рисолаҳои илмии фолклоршиносони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расиданд. Ба гуфти эшон дар кишварҳои дунё ба омўзиш ва пажўҳиши фолклори мардуми худ, ҳамчун нишонаи муҳими худшиносии миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Акнун фурсати он фаро расидааст, ки пажўҳандагони фолклоршинос бояд аз ҷониби давлат аз ҷиҳати моддӣ таъмин шаванд, то корҳои боз шоистаеро дар сатҳи байналмилалӣ анҷом диҳанд.

Май 11, 2019 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд