Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти ҳамгироӣ бо савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо баланд арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) зимни мулоқоти муовини Директори кулли СУС И. Сяожун бо роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода муаррифӣ гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот корҳои иҷрошуда ва омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС, ки моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани ин чорабинӣ нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.
И. Сяожун ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноилгардидаи соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш соли узвият дар СУС баҳои баланд дода, иброз намуд, ки бо мақсади дар сатҳи назаррас гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар омода аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Бахусус, ҷониби СУС ифтитоҳ гардидани Портали савдои Тоҷикистонро дар моҳи апрели соли равон ҳамчун қадами навбатии назаррас дар роҳи соддагардонии расмиёти савдо хуш истиқбол намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба ва омода намудани лоиҳаи ҳисоботи тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон то сафари ҳайати котиботи СУС ба кишвар то моҳи октябри соли 2019 корҳои заруриро анҷом медиҳанд.








Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






