ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 май, якшанбе, 146-умин рӯзи соли 2019 аст

Май 26, 2019 08:00

26 майи соли 2018 тифле, ки аҳолии мамлакатро ба  9 миллион расонид, ба дунё омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи мазкурро  бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Дар ин робита, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдорро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд.

***

7 сол пеш, 26 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times» мусоҳибаи хоса анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014  20-солагии  таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ бо иштироки  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бо  гузашти низомӣ  дар майдони Дӯстии пойтахт  таҷлил гардид.

26 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон —  Рӯзи адвокатҳо.

 ***

Дар Гурҷистон — Рӯзи истиқлолият.

 ***

Дар Полша — Рӯзи модар.

 РӮЙДОДҲО:

 26 майи соли 2011 аввалин маротиба маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони Нерӯгоҳи барқӣ — обии «Роғун» баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

26 майи соли 2014 бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстию бародарии халқҳо ва ошноӣ бо фарҳанги якдигар дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи  Россия баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 26 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои 1/8 финали Ҷоми КФО-2015 байни дастаҳои  «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва  «Ал-Ваҳдой» (Сурия) баргузор гардид.

***

26 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.

***

26 майи соли 2010 арзиши бозори ширкати Apple аз ширкати Microsoft зиёд шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1928 дар ҷаласаи ФИФА доир ба ҳар чор сол як бор доир намудани Чемпионат ҷаҳон оид ба футбол қарор қабул шуд.

***

Соли 1929 дар Москва  бори нахуст дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷараёни бозии футбол тариқи радио гузориш дода шуд.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Май 26, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш