«Телевизиони Душанбе» соҳиби студияи сайёри телевизионии рақамӣ мешавад

Май 21, 2019 14:21

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. / «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» дар ояндаи наздик соҳиби студияи сайёри телевизионии рақамӣ  мешавад. Дар назар аст, ки таҷҳизоти  мазкур то моҳи сентябри соли равон ба шаҳри Душанбе ворид карда шавад.

Дар ин хусус имрӯз  миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба татбиқи Лоиҳаи   муҷаҳҳазонии Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» бо студияи сайёри телевизионии рақамӣ қарордод ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, санадро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва директори Маркази болозикр Ян Дун  ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, қарордоди мазкур дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои техникӣ-иқтисодӣ байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз 20 майи соли 2013 дар хусуси татбиқи Лоиҳаи «Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.

Зимнан, Муассисаи давлатии «Телевизиони «Душанбе» ягона шабаки телевизионии маҳаллӣ дар пойтахти Тоҷикистон буда, барномаҳои он дар шакли HD манзури тамошобинон гардонида мешаванд. Гузариш ба шакли HD имконият дод, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи «Телевизиони Душанбе» бо сатҳу сифати баланди садову симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон гардад.

Май 21, 2019 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд