«Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо». Таҳти ин ном дар Душанбе конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» таҳти ин унвон рӯзҳои 21-22 майи соли равон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони кишварҳои дохил ва хориҷ, Созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Зикр гардид, ки конфронси мазкур ба фаъолияти 10-солагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, зеро ниҳоди мазкур 10 сол муқаддам бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода шудааст, ки ин иқдом яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким ва рушди ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад.
Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мамлакат иброз намуд, ки таъсиси чунин мақомот барои давлате, ки ҳадафҳои худро бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ эълон медорад, аҳамияти бениҳоят бузург дорад. «Зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлдолияти давлатӣ эҳтиром, риоя, ҳифз ва тарғиби ҳуқуқу озодиҳои инсонро сатҳи муҳими сиёсати худ муайян карда, баҳри амалишавии он тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст»,-гуфт ӯ.
Ҳамчунин Сайфиддин Сироҷзода мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни конфронси мазкур, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баён дошт: «Давлат дар сатҳи миллӣ барои амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон вобаста ба муқовиматсозии қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи он механизмҳо ва расмиётро таҳия кардааст, ин раванд бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва ба инобатгирии манфиатҳои миллӣ идома дода мешавад».
Ёдрас мешавем, ки Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф шуда, эътибор, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ин ҳуқуқу озодӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.








Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






