Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи даст ба худкушӣ задани ҷавононро мавриди баррасӣ қарор дод

Май 22, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 22.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 майи соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорат, ташкилоту муассисаҳои зерсохтори он,   Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ширкат доштанд. Дар ҷаласаи мазкур  масъалаҳои тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми қабули беморон аз хориҷ, вазъи бемориҳои рӯҳӣ ва таҳлили ҳолатҳои худкушӣ  дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, иштирокчиёни ҷаласа   вазъи бемориҳои рӯҳӣ ва  ҳолатҳои худкуширо  дар ҷумҳурӣ  таҳлил   намуда, пешниҳод карданд, ки тадбирҳои  пешгирии худкушӣ дар байни ҷавонон тавассути табибони оилавӣ ва равоншиносон пурзӯр карда шуда, омилҳои он мушаххас омӯхта шаванд.

Тибқи натиҷаи таҳлилҳо, дар аксари ҳолатҳо шахсоне ба худкушӣ даст задаанд, ки  дар онҳо  ягон намуди бемории рӯҳӣ  ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин замина, пешниҳод гардид, ки барои қабулу табобати ҳаматарафаи беморон бояд дар ояндаи наздик чандин  муассисаҳои тиббӣ  бунёд ва ин беморхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ   таъмин карда шаванд.

Ҳамчунин   оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаҳои наҷоти кӯдаконаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  ҳисобот дода шуд. Дар ин маврид  пешниҳод гардид, ки ба шуъбаҳои эҳёгарии кӯдаконае, ки  ба мутахассисони беҳискунандаи кӯдакон ниёз доранд, аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ мутахассисон барои кори доимӣ фиристода шаванд.

Дар ҷаласа  рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013  вобаста ба санҷиши дурустии додани варақаҳои корношоямӣ ва муоинаи тиббию иҷтимоии маъюбон дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва беморхонавӣ муҳокима гардид.

Зикр шуд, ки  бояд диққати табибон махсусан ба тартиб ва ҳолати додани варақаҳои корношоямӣ ҷалб карда шуда, ҳангоми додани варақаи мазкур ба саҳлангорӣ  роҳ дода нашавад.

Дар охир барои рафъи камбудиҳо ва  беҳтар сохтани вазъи самтҳои баррасишудаи тандурустӣ қарорҳои дахлдори ҳайати мушовара қабул  гардида, барои иҷрои онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Май 22, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд