«Журналистикаи чандрасонаӣ»-аввалин китоби дарсӣ барои рӯзноманигорони мултимедиявӣ

Май 18, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе китоби  дарсии профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим бо номи «Журналистикаи чандрасонаӣ»  ба нашр расид. 

Тавре  аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Журналистикаи чандрасонаӣ» аввалин китоби дарсӣ дар Тоҷикистон буда, он  барои омода кардани журналистони мултимедиявӣ пешбинӣ шудааст.

Ба зикри  Ҷовид Муқим,  дар факултаҳои журналистика ва иртибототи донишгоҳҳои ИМА, Аврупо ва Россия дер боз омода кардани журналистони чандрасонаӣ ба роҳ монда шудааст.  Дар Тоҷикистон акнун дар ин ҷода қадамҳои нахустин гузошта шудаанд. Ҳоло дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин гурӯҳи ихтисоси веб-рӯзноманигорӣ курси якумро хатм карда истодаанд.

«Аз ин китоби «Журналистикаи чандрасонаӣ»  донишҷӯён асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ – аксбардориву наворбардорӣ барои сомона,  сабту таҳрири садо, сохтани слайдшоу ва инфографика, блогу сомонаҳоро меомӯзанд. Феълан  расонаҳои интернетӣ ба як ҷузъи ВАО табдил ёфта, теъдоди хонандагонаш рӯ ба афзоиш дорад.  Махсусан имкониятҳои мултимедиявии расонаҳои интернетӣ хонандагон ва рекламадиҳандагонро ба худ бештар ҷалб карда, барои рушди ин соҳа мусоидат менамояд. Ин  аст, ки тахассуси нав — журналисти интернетӣ ба вуҷуд омад ва барои тайёр кардани чунин мутахассисон имрӯз талабот зиёд аст»,- гуфт профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Китоби дарсии «Журналистикаи чандрасонаӣ»  бо теъдоди 200 адад аз чоп баромада, аз  18 мавзӯи дарсӣ ва  168 саҳифа иборат аст.

Май 18, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд