Ҳамсари Президенти Туркия дар Душанбе Маркази тавонбахшии маъюбонро ифтитоҳ намуд

Июнь 15, 2019 13:18

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхонаи  мамлакат — Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Маркази тавонбахшии маъюбон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими  кушодашавии ин муассисаи тиббӣ хонум Эмине Эрдоған, ҳамсари Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон иштирок намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад, дар маросими мазкур Хонум Эмине Эрдоған зикр намуд, ки бунёди ин марказ қадами устувор дар рушди робитаҳои дӯстии ду кишвари ҳамҷавор хоҳад буд. Номбурда ҳамчунин  гуфт, ки «итминон дорам, ки ин марказ барои шахсони имконияташон маҳдуд василаи хуби табобат гардида, дар ҳаёти онҳо дигаргуниҳои куллиро   ба миён меорад».  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зикр кард, ки дар  ин марказ  физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳои касбӣ, ки дар самти тавонбахшии маъюбон дар хориҷи кишвар таълим гирифтаанд, ба кор ҷалб карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи бунёди Марказ дар ду марҳила амалӣ гардид. Дар марҳилаи якуми он бинои якошёна бо майдони 300 метри мураббаъ дар ҳудуди муайяннамудаи роҳбарони беморхона сохта шуд. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа Маркази мазкур  бо таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии  тиббӣ барои тавонбахшии маъюбон муҷаҳҳаз гардид.

Дар Маркази  мазкур имконият фароҳам оварда шудааст, ки дар  баробари расонидани хизмати тиббӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҳамзамон табобати баъдиҷарроҳии беморони шуъбаи ортопедии Маркази миллии тиббӣ гузаронида шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ТИКА аз соли 1995 ин ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, то имрӯз дар самтҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, таҳкими идораҳои марказӣ ва маҳаллӣ, кӯмаки башардӯстона ва ғайра зиёда аз 300 лоиҳаро  амалӣ гардонидааст.

Ёдовар мешавем, ки  имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз баргузории Самити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили гуногуни робитаҳои ҳамкоририи ду кишварро мавраиди баррасии амиқ қарор дода, ҳавасмандии худро барои рушди робитаҳои мутақобилан судманди ояндадори ду кишвар иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Бояд илова кард, ки Хонум Эмине Эрдоған Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Таййип Эрдоғанро, ки бо мақсади иштирок  дар  панҷумин Саммити сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба  шаҳри Душанбе  ташриф овардааст,  ҳамроҳӣ менамояд.       

Июнь 15, 2019 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад