Чемпионати Осиё: шоҳмотбози тоҷик Рухшона Саидова сазовори медали биринҷӣ шуд

Июнь 21, 2019 12:12

ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 июни соли равон  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон ва ҷавонон расман ифтитоҳ гардид. Дар рӯзи аввали мусобиқа узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Рухшона  дар шоҳмоти зудбозӣ (рапид) миёни ҷавондухтарони 15 сола ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, дар  ин чемпионат 187 нафар шоҳмотбоз аз 16 давлати  Осиё миёни ҳам рақобат менамоянд, ки дар қатори  онҳо шоҳмотбозони тоҷик низ иштирок доранд.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар ин чемпионат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаи мунтахаби Тоҷикистон  оид ба шоҳмот намояндагӣ карда,  дар рӯзи аввали  бозӣ наврасони тоҷик ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ шарафёб гардиданд.

Чемпионати мазкур  29 июн ҷамъбаст гардида, ғолибони он  имкони иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмотро пайдо менамоянд.

 

Июнь 21, 2019 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд