Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кор оғоз намуд

Июнь 13, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба кори худ оғоз намуд. 

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА хабар медиҳад, дар ин нишаст намояндагони  27 кишвари аъзои Машварат иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур мувофиқа ва ниҳоисозии лоиҳаи Эъломияи Саммити 5-уми Машварат, ки  15 июни соли  равон  дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мебошад.

Директори  иҷроияи  котиботи Машварати ҳамкорӣ ва  тадбирҳои боварӣ дар Осиё  Ҳабибулло Мирзозода зимни суҳбат зикр намуд, ки дар ҷаласаи имрӯза аз ҷониби коршиносони кишварҳои аъзо ҳуҷҷати асосие, ки барои Саммити Душанбе бояд  пешниҳод гардад, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад. Коршиносон дар ин ҷаласа дар атрофи маъалаҳои мубрами минтақа, ки бояд дар ин ҳуҷҷат инъикос гарданд, табодули афкор менамоянд.

Номбурда ҳамчунин  иброз дошт, ки имрӯз дар асоси мувофиқаи ин кишварҳо  ин ҳуҷҷат бояд то  охири рӯз  омода  гардад. Ин ҳуҷҷат барои  баррасӣ ба иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки  таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон   15 июни соли равон   дар  Душанбе  баргузор мегардад, манзур мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018-2020 раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба уҳда дорад. Саммити МҲТБО чорабинии муҳими Машварат  маҳсуб ёфта, зимни он роҳбарони кишварҳои аъзо фаъолияти онро мавриди бозтоб ва арзёбӣ қарор дода, масъалаҳои ҷориро муҳокима ва уфуқҳои нави ҳамкориро муайян хоҳанд кард.

Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ таҳти шиори «Бо назари нек ба сӯи амният ва шукуфоии бештари минтақаи МҲТБО» доир мегардад.

Июнь 13, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон