Дар Душанбе боз як корхонаи истеҳсоли семент ва маҳсулоти сохтмонию бетонӣ бунёд мегардад

Июнь 11, 2019 12:39

ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли оянда дар канори  Душанбе боз як корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта бунёд  мегардад.  Дар ин росто,  10 июн дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» созишномаи  сармоягузорӣ ба имзо расид. Санади мазкурро Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва директори ҶСК «Тоҷиксемент» Муродҷон Шарифов имзо гузоштанд.

Аз Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои бунёди ин корхонаи саноатӣ 100 миллион долллари амрикоӣ  сармояи мустақим ҷалб карда хоҳад шуд. Интизор меравад, ки иқтидори корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта истеҳсоли 1,2 миллион тонна семент ва 80 миллион дона халта дар як сол мебошад.

Имзои Созишнома оид ба бунёди корхонаи  истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва  халта дар ҳолест, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  саноатикунонии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегии   мамлакат  эълон карда, бо табиқи он Тоҷикистон аз модели давлати аграрӣ ба кишвари  индустриалӣ –аграрӣ мегузарад.

Июнь 11, 2019 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид