Эмомалӣ Раҳмон: «Нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозиву нифоқангезӣ зиндагии ободу босуботи моро халалдор созанд…»
ДУШАНБЕ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошии худ ба муносибати иди Фитр вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони рӯшанфикрро дар замони мо таъкид намуданд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, сарчашмаи ҳамаи дастоварду падидаҳои неки қариб се даҳсолаи охир истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон мебошад. Аз ин хотир, Пешвои миллат расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи Номаи шодбошӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Маҷрои тезутунди пешрафти асри нав ва рушди илму технологияҳо моро водор месозад, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани истиқлолият ва таъмин намудани рушди иқтисоди миллӣ аз навгониҳои илму дониш, тафаккури пешрафта, дастовардҳои навтарини илму техника ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилооту коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем».
Пешвои миллат бар он боваранд, ки бидуни маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии муосир, тафаккури навтарини техникиву технологӣ, малакаи баланди касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва илму техникаи пешрафта баробар қадам гузоштан мушкил мебошад.
«Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз ва ҳамеша аз он иборат аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро ба сӯи оромиву ободии Ватан, пешрафти давлат, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастовардҳои мо мебошанд, равона созад»,- изҳор намуданд Сарвари давлат.
Дар ин бобат Пешвои миллат як ҳадиси пайғамбари исломро хотиррасон намуданд: «Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед».
Бино ба таъкиди Сарвари давлат, рӯйдоду равандҳое, ки солҳои охир дар миқёси сайёра идома доранд, ҳамаи моро водор месозанд, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ифтихори миллиро ҳаргиз аз даст надиҳем.
«Дар баробари ин, нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозиву нифоқангезӣ, дар кадом шакле набошад, зиндагии орому босуботи мардуми моро халалдор созанд. – гуфтанд Пешвои миллат ва илова намуданд: — Эътиқоду эътимод ва имону иродаи инсонҳои худоҷӯйро бояд ба роҳи ободиву созандагӣ ҳидоят кард, на барои ангехтани нифоқу кина ва анҷом додани амалҳои зишту номуносиб».








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






