Эмомалӣ Раҳмон: «Нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозиву нифоқангезӣ зиндагии ободу босуботи моро халалдор созанд…»

Июнь 4, 2019 13:17

ДУШАНБЕ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошии худ ба муносибати иди Фитр вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони рӯшанфикрро дар замони мо таъкид намуданд.  

Ба гуфтаи Сарвари давлат,  сарчашмаи ҳамаи дастоварду падидаҳои неки қариб се даҳсолаи охир истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон мебошад. Аз ин хотир, Пешвои миллат расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат  арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи Номаи шодбошӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Маҷрои тезутунди пешрафти асри нав ва рушди илму технологияҳо моро водор месозад, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани истиқлолият ва таъмин намудани рушди иқтисоди миллӣ аз навгониҳои илму дониш, тафаккури пешрафта, дастовардҳои навтарини илму техника ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилооту коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем».

Пешвои миллат бар он боваранд, ки бидуни маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии муосир, тафаккури навтарини техникиву технологӣ, малакаи баланди касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва илму техникаи пешрафта баробар қадам гузоштан мушкил мебошад.

«Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз ва ҳамеша аз он иборат аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро ба сӯи оромиву ободии Ватан, пешрафти давлат, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастовардҳои мо мебошанд, равона созад»,- изҳор намуданд Сарвари давлат.

Дар ин бобат  Пешвои миллат як ҳадиси пайғамбари исломро  хотиррасон намуданд: «Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед».

Бино ба  таъкиди  Сарвари давлат,  рӯйдоду равандҳое, ки солҳои охир дар миқёси сайёра идома доранд,  ҳамаи моро водор месо­занд, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯс­ти­ву ватанпарастӣ ва худшиносиву ифтихори милли­ро ҳаргиз аз даст надиҳем.

«Дар баробари ин, нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақида­ҳои ифротӣ, ҷудоиандозиву нифоқангезӣ, дар кадом шакле набошад, зинда­гии орому босуботи мардуми моро халалдор созанд. – гуфтанд Пешвои миллат ва илова намуданд: — Эътиқоду эътимод ва имону иродаи инсонҳои худоҷӯйро бояд ба роҳи ободиву созан­дагӣ ҳидоят кард, на барои ангехтани нифоқу кина ва анҷом додани амалҳои зишту номуносиб».

Июнь 4, 2019 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода