ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои Афғонистон ва Чин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи июни соли равон бо дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Чин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Футболбозони тоҷик бозии аввали дӯстонаи худро 7 июн соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо футболбозони афғон баргузор менамоянд. Бозии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 11 июн дар шаҳри Гуанҷоу бо дастаи мунтахаби Чин доир мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 1 июн дар шаҳри Душанбе ба тамрин шурӯъ намуданд ва ба бозиҳои мазкур омодагӣ мегиранд. Сармураббии даста Усмон Тошев 25 бозингарро даъват кардааст: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Дар байни онҳо чаҳор нафарашон дар дастаҳои футболи Булғористон, Индонезия, Қирғизистон ва Малайзия бозӣ мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона ба муқобили дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Чин:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС Тира», Индонезия), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд), Алишер Баротов («Хатлон»).
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Булғория), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, Отабек Каримов («Истаравшан»).
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).
Сармураббӣ: Усмон Тошев (Ӯзбекистон).
Бозиҳои дӯстона
7 июн (ҷумъа)
Тоҷикистон – Афғонистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
11 июн (сешанбе)
Чин – Тоҷикистон
Гуанҷоу, Чин








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






