«КӮДАКОН НАБОЯД ДАР САҲРО КОР КУНАНД, ОНҲО БОЯД РӮЙИ ОРЗӮҲОИ ХУД АМАЛ НАМОЯНД!». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак мизи мудаввар доир гардид

Июнь 13, 2019 08:53

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн соли ҷорӣ, дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, дар Душанбе  бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ   мизи мудаввар баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак таъйин намудааст ва дар саросари дунё онро бо  доир кардани тадобири иттилоотӣ таҷлил менамояд. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат вобаста ба ин сана мавзӯи асосӣ интихоб мегардад. Вазъи имрӯзаи ҳассоси ҳаёти ҷомеаро ба инобат гирифта, шиори соли 2019 «Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рӯйи орзӯҳои худ амал намоянд» эълон гардидааст.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода  иштирок ва дар мавзӯи меҳнати кӯдак суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ ёдоварӣ карда шуд, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад аз истисмори иқтисодӣ, аз иҷрои ҳар коре, ки ба саломатии ӯ, ба инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонад ё садди роҳи таҳсилоти ӯ мегардад, ҳимоя шавад. Ин муқаррароти Конвенсияи СММ оид ҳуқуқҳои кӯдак аз давлатҳои иштирокчӣ андешидани чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҳамчунин дар соҳаи таҳсилот андешидани тадбирҳои дахлдорро талаб менамояд.

Ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин меъёр муқаррар намудани ҳадди ақали синну соли кӯдакон барои ба кор қабул кардани онҳо, меъёри зарурии рӯзи кор ва шароити корӣ, инчунин барои татбиқи босамари ин меъёр пешбинӣ намудани ҷазои муносиб талаб карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ба меҳнат кафолат дода, дар сатҳи Конститутсия муқаррар намудааст, ки дар корҳои вазнин, корҳои зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон хатарнок истифода бурдани меҳнати кӯдакон манъ аст.

Тарбияи насли наврас, пешгирии истифодаи кӯдакон дар меҳнати вазнин дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ЧТ самти афзалиятнок ба шумор рафта, тамоми тадбирҳо барои расидан ба ин ҳадафи иҷтимоӣ андешида мешаванд.

Чумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ санадҳои муҳими байналмилалиро, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат – Конвенсияи ТБМ №182 «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон», ки соли ҷорӣ ба қабули он 20 сол пур мешавад, Конвенсияи ТБМ №138 «Оид ба синну соли ҳадди ақали ба кор қабул намудан» ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигарро дар ин соҳа ба тасвиб расонида, қонунгузории худро ба меъёрҳо ва стандартҳои муқаррарнамуда мутобиқ гардонида, бо дарназардошти ин стандартҳо онро пайваста такмил медиҳад.

Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти мазкур ҳуҷҷатҳои дахлдори барномавӣ қабул гардида, амалисозии онҳо бомаром идома дорад. Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020, Руйхати корҳо, ки дар онҳо истифода намудани меҳнати кормандони ба синни 18 нарасида манъ аст ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондан иҷозат дода намешавад, аз қабили ин ҳуҷҷатҳоянд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон дар робита бо Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳои ҳадафи 18 ҲРУ «Андешидани тадбирҳои фаврӣ ва самаранок ҷиҳати барҳам додан ва манъи шаклҳои бадтарини меҳнат» мебошад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати он барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои дахлдор барои расидан ба ин ҳадафҳо пешбинӣ шудаанд. Амалисозии ин ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар кишвар бомаром идома дорад ва ин боиси дастовардҳои назаррас дар самти мазкур гардидааст.

Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар самти мазкур иброз намуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонун корҳои муайянро анҷом медиҳад, аз ҷумла тавассути мусоидат дар такмили қонунгузорӣ, паҳн намудани иттилоот дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон дар ин самт, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мониторинги риояи ҳуқуқи кӯдак, назорати мустақили иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ғайра.

Ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таҳсил ва ба ҳифзи саломатӣ омилҳои муҳими пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон аст. Аз ин рӯ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати мусоидат дар таъмини ҳуқуқҳои мазкур таҳлилу мониторингҳо гузаронида, бо вазорату идораҳои дахлдор пайваста ҳамкорӣ менамояд.

Аз байн бурдани меҳнати кӯдакон ҳамкории мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар ин самт тақозо менамояд ва мувофиқи мақсад аст, ки ин ҳамкориҳо доимӣ бошанд. Ваколатдор дар навбати худ ҷиҳати ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи кӯдак барои ҳамкориҳо бо тамоми субъектони ин раванд омода аст.

Июнь 13, 2019 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 26 маркази тадқиқотии хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст
Дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят нисбат ба кӯдакон 30 фоиз зиёд шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори Қатар ва Булғористон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад
Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ кам шудаанд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт кумаки молиявӣ расонид
Беш аз 5 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти касбомӯзиро хатм намуданд