«Кохи Наврӯз» ба феҳристи «8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай» ворид шуд

Июнь 24, 2019 12:59

ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 июни соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ба муносибати Рузи таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Боиси фараҳмандист, ки дар ин чорабинии сатҳи баланд «Кохи Наврӯз»-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Ҳозирин аз санъати наққошӣ, кандакорӣ, чубкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ аз наздик шинос шуданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, дар ҷаҳон бемисл аст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, наздики 40 ҳазор метри муррабаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Ҳамчунин толорҳои хурду калон, айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва мусиқӣ ба бино шукӯҳу шаҳомати хоса  мебахшанд. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, кандакорӣ дар чуб, сангтарошӣ ва оиннабандӣ оро дода шудаанд.

«Кохи Наврӯз» бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ифтихори халқи тоҷик аст. Дар ин кохи муҳташам чорабиниҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ бо ҳузури сарони кишварҳои олам баргузор карда мешаванд.

Дар нутқи ифтитоҳии худ Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов, аз ҷумла, зикр  намуд, ки «8 муъҷизаи СҲШ», ки  аз нигоҳи таърихӣ тамаддуни чандинасраи бою ғанӣ ва рангини мардумони моро таҷассум менамоянд, олами зебо ва нотакрори воқеияти зебои кишварҳои мо ба шумор мераванд. Ин муъҷизаҳо имконият медиҳанд, ки мо олами бепаҳно ва бою рангини таърихи мардумамонро хубтар дарк намоем.

Котиби генералии Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) Сонг Ю, ки шаҳри Душанбе соли 2018 дар минтақа яке аз аввалинҳо шуда, узви Федератсияи мазкур гардид, изҳор дошт, ки давлатҳои аъзои СҲШ бо таъриху фарҳанги қадимаи худ ва иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ аз худ гуногунии тамаддуни башариятро таҷассум намуда, яке аз асосҳои муҳими фаъолияти ин Федератсия ба шумор меравад. Вай изҳори итминон  намуд, ки давлатҳои аъзои Созмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамкории худро боз ҳам қавитар намуда, самтҳои нави сайёҳӣ ва сатҳи баланди хизматрасониро ба роҳ мемонанд.

Мехмонони чорабинӣ бо таваҷҷуҳи хоса «8 муъҷизаи СҲШ», аксу нигораҳо, наворҳои видеоӣ ва чопӣ, ки мавзеъҳои зебонманзар ва нотакрории табиат, урфу одат, либосҳои миллӣ, ҳунар ва таомҳои миллиро таҷассум мекунанд, шинос гардиданд.

Лоиҳаи «8 муъҷизаи СҲШ» — ин силсилаи муаррифиномаҳои иқтидорҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад, ки аз ҷониби котиботи Созмон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Созмон омода гардидааст. Максади асосии он муаррифии муъҷизахои миллии ҳашт давлатҳои аъзо, маҳсули эҷоди фарҳангӣ ва сайёҳии мардумони минтақаи СҲШ ба ҷаҳониён мебошад.

Дар назар аст, ки лоиҳаи «8 муъҷизаи СҲШ» дар давлатҳои аъзои Созмон ва берун аз он низ муаррифӣ карда шавад.

Июнь 24, 2019 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд