Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ огоҳ менамояд: дар рӯзҳои боронӣ бештар эҳтиёткор бошед!
ДУШАНБЕ, 06.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 7 июн дар мамлакат ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти шадид дар ҷумҳурӣ эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, фаромадани тармаву ярч ва резиши сангпораҳо вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳои боронӣ бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд. Аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум ва дигар амалҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мегузаранд, худдорӣ намоянд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, боду ҳавои номусоид ва боришоти зиёди рӯзҳои охир дар ҳудуди як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат боиси омадани сел гардид.
Аз ҷумла, 4 июни соли равон дар ҳудуди деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент сел омада, 1 манзили истиқоматии сокини ин деҳаро пурра вайрон кардааст. Муттаасифона, дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар бародарон, ки аз шаҳри Душанбе ба деҳаи мазкур барои аёдат рафта буданд, ба ҳалокат расиданд. Алҳол ҷасади яке ёфт шуда, дигарӣ дар кофтуков қарор дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, барои бартараф намудани ҳолати рухдода комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент ва дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар водии Зарафшон фаъолият доранд.
Ҳамчунин 5 июни соли равон дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, ба 80 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва таҳхонаҳои хонаи истиқоматӣ зарар расонид. Аҳолии деҳаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар ин ҳодисаи табиӣ ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
«Барои ташкили кор дар бартарафсозии офати табиӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Барои анҷом додани корҳои бартарафсозӣ дар деҳаҳои зарардида, аз ҳисоби наҷотдиҳандагон, сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбии Кумита гурӯҳ таъсис дода, бо истифода аз теникаҳои махсус корҳо идома доранд».
Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати сар задани ин ё он ҳолати фавқулодда ба телефонҳои навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ: 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 дар тамос шаванд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






