Майдончаи варзишӣ — ҳадяи гумрукчиён ба сокинони кӯчаи Н. Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе

Июнь 28, 2019 12:03

ДУШАНБЕ, 28.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ дар пойтахт ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иштирок намуда, ба истифода додани иншоотро барои рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи тарзи ҳаёти солим, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани  сокинони кӯчаи Н. Ҳувайдулоев биноҳои истиқомати 141/4, 5, 6 ва 7 ва ободу зебо гардонидани пойтахт муҳим арзёбӣ намуданд.

Иншооти варзишӣ дар масоҳати 2700 метри мураббаъ доман густурда, дорои  майдончаҳои универсалии барои  бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон мебошад.

Интизор меравад, ки ояндаи наздик Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии пойтахт боз чунин як майончаи варзиширо, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар он идома дорад, мавриди истифода қарор медиҳад.

 

Июнь 28, 2019 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд