«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ҲАРАКАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН». Таҳти ин ном дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳаракати олимпӣ конфронс доир мегардад

Июнь 21, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 21.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 июн бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳаракати олимпӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов конфронси илмӣ- назарявӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон» доир мегардад. Дар конфронси иштироки олимону муҳаққиқони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар назар аст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар мамлакат  силсилачорабиниҳо бо иштироки доираи васеи ҷавонону варзишгарон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 22 июни соли равон соати 6:00 дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ   доир карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 23 июн дар ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии ҳаракати олимпӣ  таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба хотири эҳёи ҳаракати олимпӣ аз тарафи давлатҳои ҷаҳон қабул шуда,  ҳар со дар ин рӯз  чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда  мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  дар радифи  мамлакатҳои дигари ҷаҳон  ин рӯзро ҷашн гирифта,  ҳамраъйии худро ба тамоми сокинони сайёра, ки ҳаракати олимпиро чун ифодагари ҳамдиливу ҳамбастагӣ эътироф кардаанд, изҳор менамояд.

Июнь 21, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид