ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад

Июнь 12, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе ҳарорат ба 27-29 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борони  кӯтоҳмуддат  ва   шабона барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз  4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Танҳо шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани  борон ва барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона   15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо  суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда 3000 метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри  бебориш  мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 12, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад