Ҷоми КФО-2019: пагоҳ байни дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бозии даври панҷум баргузор мешавад

Июнь 18, 2019 17:26

ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 июн байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд    бозии  даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 баргузор мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз  дастаи футболи  «Дордой»-и Қирғизистон дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон   рақобат мекунад. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.   

Бояд зикр кард, ки дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи марказӣ  дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии даври чорумро баргузор намуда буданд.

Рақобати дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби камтарини 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаҳои футболи  «Дордой» ва «Истиқлол» байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд.

Ҳамин тавр, дастаҳои футболи  «Хуҷанд»  ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон   дар бозии даври чоруми гурӯҳи «Д» аз рақибонашон мағлуб гардида, аз се имтиёз маҳрум шуданд. Новобаста аз ин бохт, дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «Д» боқӣ монд.

Дар зинаи дуюм дастаи «Алтин Асир» бо доштани 6 хол ҷой гирифтааст. Дастаҳои футболи «Хуҷанд»  ва «Дордой» бо 4- холӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи  шогирдони Ҳаким Фузайлов хотима ёфта буд.

Бояд илова намуд, ки   ин вохӯрии ҷолибро  дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор нафар  мухлисони  футболи тоҷик тамошо намуданд.  Ҳанӯз дар дақиқаи 15-уми бозӣ  Алишер Ҷалилов аз зарбаи пеналти ҳисобро боз намуд. Дар анҷоми қисми якуми рақобат яке аз бозингарони шинохтаи дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро ба нишон расонид.

Дар  қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 49-ум   легионери сербиягии дастаи  футболи «Истиқлол» Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи  81-уми  бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи  «Истиқлол»-ро дар ин дидор таъмин намуд. Ягона голи дастаи футболи «Дордой»-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев  ба  нишон расонид.

Бозиҳои даври ниҳоӣ 26 июн доир мегарданд. Дар даври шашум дастаи футболи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе дастаи  «Алтин Асир»-ро қабул менамояд. Дастаи футболи  «Хуҷанд» бошад, дар меҳмонӣ бо тими  «Дордой»  бозӣ хоҳад кард.

Хотиррасон менамоем, ки танҳо ғолиби гурӯҳи «D» ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.

Июнь 18, 2019 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид