Паҳлавонони тоҷик дар Бухоро ду медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик — Додохон Қурбоналиев ва Ҳақназар Назаров дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш сазовори 2 медал — нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Додохон Қурбоналиев дар вазни +100 кг медали нуқра ва Ҳақназар Назаров дар вазни 81 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Мусобиқаи мазкур барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Ӯзбекистон, ки ба хотираи Баҳоваддини Нақшбанд бахшида шуда буд, аз 8 то 10 июни соли равон баргузор гардид.
Тавре корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мусобиқаи мазкур аз рӯи 7 категорияи вазнӣ — 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 миёни мардҳо ва 3 категорияи вазнӣ – 52, 63, 78 миёни бонувон сурат гирифт. Дар ин қувваозмоӣ варзишгарони беш аз 20 давлати ҷаҳон ширкат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони ин мусобиқа бо ҷоизаи пулӣ мукофотонида шуданд – ҷои аввал 3 ҳазор, ҷои дуюм 2 ҳазор ва ҷои сеюм 1 ҳазор доллари ИМА.








РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад






