Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи гарму самимии мардуми ноҳия, ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод аҳаммияти хосса зоҳир намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва обод гардонидани он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 1,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар се соли охир 225 миллион сомонӣ равона кардааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ноҳия ба маблағи умумии 509 миллион сомонӣ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад. Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда биноҳои 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Яхч, Сабзиқадам ва Ҳасандара сохта, бо ашёву таҷҳизоти мактабӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 60 бинои асосӣ ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои қариб 15 ҳазор ҷойи нишаст азнавсозӣ гардида, айни ҳол сохтмон ва азнавсозии 8 бинои нави таълимӣ барои 2000 ҷойи нишаст идома дорад.
Ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 202 лоиҳа бо арзиши умумии 182 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Нуробод бунёди 248 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 93 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Нуробод дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як чанд нафар сокинони шукргузори ноҳияи Нуробод баромад карда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти ватан ва зодгоҳи худ иброз доштанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






