Президенти мамлакат дар ноҳияи Рашт Маркази ташхисию табобатии «Сияриён»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июнь 26, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази ташхисию табобатии «Сияриён»-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир дар масоҳати умумии 2000 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони бинои беморхона моҳи марти соли 2018 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ризвоншоҳ Шоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуд.

Иншооти мазкур аз се ошёна ва таҳхонаи дорои таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 50 кат барои муолиҷаи беморон иборат буда, дар ошёнаи якуми он утоқҳои томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, узи, гастроскопия, колоноскопия, ҳуҷраи бемориҳои занона, стомотология, дорухона, гӯшаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дар таҳхона ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ташхисгоҳ ва ошхона мавҷуд мебошанд.

Дар маркази муосири тиббӣ 40 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна, ба сокинону ниёзмандон, хизмат мерасонанд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии харҷи зиёдатӣ, дар марказҳои тиббӣ, дар саросари кишвар ҳуҷраҳои махсус барои хатна бунёд мешаванд, ки дар онҳо хатнаи кӯдакон бо риояи қоидаҳои гигиенӣ сари вақт ва бенуқсон, бо ҷалби мутахассисони варзидаи тиббӣ ва дар шароити хуб, анҷом дода мешавад.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи амрози занона ва шуъбаи бемориҳои даруна мавҷуд мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар беморхонаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Тавре иттиллоъ дода шуд, солҳои қабл аз сабаби набудани чунин марказҳои муосири ташхису табобат, сокинони ноҳияи Рашт роҳи дарозро тай карда, ба пойтахти мамлакат барои ташхису табобат мерафтаанд. Акнун бо бунёди чунин як маркази муосири тиббӣ мушкили сокинони ноҳия ҳал гардид.

Бунёди марказҳои муосири ташхисию табобатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри солимии ҷомеа амалӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, табибонро барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Сияриён” дар ноҳияи Рашт 26.06.2019

Июнь 26, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025