РУШДИ ДЕҲОТ.Сокинони деҳаи Санободи ноҳияи Рӯшон бо оби нушокӣ таъмин мегарданд

Июнь 17, 2019 10:05

ХОРУҒ, 17.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба бунёди хатти оби ошомиданӣ барои сокинони деҳаи Санободи ҷамоати деҳоти ба номи Муъминшо Абдулвосиеви ин ноҳия, ки масофаи он 8 километрро дар бар мегирад, оғоз намуд.

Дар  деҳаи мазкур  48 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд ва аҳолии он  солҳои зиёд аст, ки ба оби ошомиданӣ  дастрасӣ надоранд. То ҳол маскунони деҳа аз оби дарёи Панҷ истифода мекунанд. Дар фасли зимистон оби дарё соф  аст, аммо бо оғози фасли баҳор селу тарма ва баъзан партовҳои соҳили он истеъмоли ин обро ғайримкон  гардонида, хатари  эҳтимолии мубтало шудани сокинон ба ҳаргуна бемориро афзоиш медиҳад.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар»  Файзи Мирасан раиси ҷамоати деҳоти номбурда Нозигул Абдулвоҳидова зикр намуд,  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани  солҳои 2019-2021 барои рушди деҳот заминаи мусоид гузошт.

«Бо дасутуру супоришҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз  шароити зиндагии сокинон  дар деҳоти мамлакат  беҳтар мегардад. Мо аз ин хеле хушҳол шудем ва умедворем, ки дар ояндаи наздик симои деҳаи мо низ дигаргун хоҳад гашт. Алъон 15 нафар аз ҷавонон маҳалӣ ба васлу насби қубурҳои пластикӣ  машғуланд ва бештари корҳоро коргарон тавассути техника анҷом медиҳанд. Ин оби нушокӣ аз саргаҳи рудхонаи кӯҳӣ гирифта мешавад»,- илова кард Н. Абдулвоҳидова.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки алҳол  дар масофаи 3 километр қубурҳо бо ҳам васл карда шуданд ва агар суръати кор бо ҳамин минвол идома ёбад, то даҳаи дуюми моҳи оянда оби ошомиданӣ ба деҳаи Санобод хоҳад расид.

Бояд зикр кард, ки барои анҷоми пурраи хатти оби нушокӣ Сафоратхонаи давлати Ҷопон Дар Тоҷикистон 86 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Мутобиқи нақшаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик дар деҳаи Санобод сохтмони Неругоҳи барқию обӣ бо тавоноии 120 ҳазор киловат соат дар назар гирифта шудааст, ки иқтидори он нисбат ба неругоҳи барқию обии Помир 1 дуюним баробар бештар аст. Алъон лоиҳаи асоснокунии техникӣ-иқтисодии  неругоҳи мазкур  ба поён расидааст ва баъди пайдо шудани  сармоя бунёди он шурӯъ мешавад.

 

Июнь 17, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд