Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ҷиҳати бунёди Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён санги асос гузоштанд

Июнь 26, 2019 11:52

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён санги асос гузоштанд.

Иншооти хизматрасонӣ дар шафати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Салимов бунёд карда мешавад.

Ошёнаи якуми бино барои мағоза, ошёнаи дуюм, бо 14 ҳуҷра барои меҳмонхона ва се ошёнаи дигар барои хобгоҳ пешбинӣ шудаанд. Хобгоҳ дорои 54 ҳуҷра буда, дар он то 162 нафар донишҷӯён метавонанд дар вақти таҳсил истиқомат намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастуру маслиҳат доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ талаботи меъёрҳои меъморӣ  ва  унсурҳои миллиро риоя намоянд.

Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён аз 5 ошёна иборат буда, дар вақти бунёди он наздики 30 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мешаванд.

Барои бунёди бинои замонавӣ қариб 5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён дар ноҳияи Рашт дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, то соли 2021 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Гузоштани санги асоси Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён дар ноҳияи Рашт 26.06.2019

Июнь 26, 2019 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд