ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Абдураҳмон Шораҳматов дар Ҷамоати деҳоти Ворух нахустин мактаби хусусӣ бунёд менамояд

Июль 9, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 09.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сохтмону навсозии 33 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли 2019 бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорони деҳоти Ворух бунёду навсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазнамоии 14 иншоот роҳандозӣ гардидааст.

Аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Исфара ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот бо Раиси шаҳри Исфара роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сорбон Савриддинов изҳор кард, ки соҳибкорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар яке аз маҳалҳои нави аҳолинишини деҳа як мактаби муосир сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмон туҳфа менамоянд. Инчунин сарвари Литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Шораҳматов низ  тасмим гирифтааст дар деҳоти Ворух нахустин мактаби хусусӣ бунёд намояд.

Бино ба маълумоти Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода, дар айни ҳол дар ҳудуди деҳоти дурдаст ва наздисарҳадии Ворух аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба маблағи зиёда аз 30 миллион сомонӣ сохтмону навсозии 5 иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Айни замон дар ҳудуди деҳоти Ворух навсозии бинои Қасри фарҳанги деҳа бо 650 ҷойи нишаст, толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба маблағи умумии 12 млн. сомонӣ, сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар МТМУ№23 барои 240 ҷойи нишаст ба маблағи 3 млн. 240 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои нави таълимӣ бо толори варзишӣ дар маҳаллаи Сангтӯда барои 720 ҷойи нишасти таълимӣ ба маблағи 8 млн. 240 ҳазор сомонӣ, мумфарш намудани 4 км роҳи марказии самти Ворух -Чоркӯҳ ба маблағи 3 млн. сомонӣ, сохтмони чоҳи амудӣ дар маҳаллаи Бумиён ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ, инчунин мумфарш ва чароғонкунии 1,5 км роҳи маҳаллаи Сангтӯда аз кӯчаи марказӣ то мактаби навбунёд, сохтмони толори муосири варзишӣ дар маҳаллаи Қалъача бо 200 ҷойи нишаст идома доранд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд